Рубрики Хабарҳо

ХБА рушди иқтисоди Тоҷикистонро 5% пешбинӣ мекунад

Хазинаи байналмиллалии асъор пешбинии рушди иқтисоди Тоҷикистонро 1% боло бурд. Ин ниҳоди байналмиллалӣ пешбинӣ мекунад, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон то охири имсол ва давоми соли 2019 дар сатҳи 5% хоҳад буд.

Тибқи ҳисоботи World Economic Outlook, ки 8 октябр дар сойте ХБА нашр шудааст, Тоҷикистон байни кишварҳои собиқи шӯравӣ рушди бештареро хоҳад дошт, ки танҳо аз Туркманистону Арманистон камтар аст. Дар ҳисоботи моҳи апрели Хазина рушди иҷтисоди Тоҷикистон 4% пешбинӣ мешуд.

ХБА пешбинӣ мекунад, ки соли ҷорӣ иқтисоди  Туркманистон 6,2%, Арманистон 6%, Ӯзбекистону Тоҷикистон 5%, Белорус 4%, Молдова 3,8%, Қазоқистон 3,7%, Украина 3,5%, Қирғизистон 2,8%, Русия 1,7% ва Озарбойҷон 1,3% рушд хоҳанд кард.

Ҳукумати Тоҷикистон бошад рушди 7%-ро мунтазир аст.  

Аммо Бонки Осиёии Рушд пешинӣ кардааст рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 6% ва дар соли оянда 6,5 дарсад хоҳад буд.

Тибқи хулосаи ин бонк, омили асосии рушди иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ аст, ки асосан ба соҳаи энерҷии барқ (48%) равона шудааст. Ба ин шомиланд сохтмони НБО Роғун, сохтмони хати интиқоли барқ ба Покистон, таъмири НБО Норак ва ғайра.

Ҳамчунин эҳёи иқтисоди Русия пас аз бӯҳрон ва ворид шудани маблағи бештаре аз ҳисоби муҳоҷирон яке аз омилҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон хоҳад буд.

Тавваррум дар Тоҷикистон барои соли 2018 6,5% ва барои соли 2019 7% пешбинӣ шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *