Рубрики Хабарҳо

Хати марзи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз мина пок мешавад

Поккории марзи байни ду кишвар аллакай қитъаи марзии байни ноҳияи Панҷакент ва вилояти Самарқанд Ӯзбекситон оғоз шудааст ва дар тамоми қитъаҳои марзии байни ду кишвар идома хоҳад кард. Баъди беш аз 20 соли мингузории Ӯзбекистон дар марзи ду кишвар ва ҷон бохтани даҳҳо тан, билохира таҳдиди минаҳо аз байн хоҳад рафт.

Марзи байни у кишвар замони ҷанги шаҳрвандии аз тарафи Ӯзбекистон минагузорӣ шуда буд. Мақомоти кишвари ҳамсоя ин иқдомашонро пешгирӣ аз вуруди ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон медонистанд, ки дар шарқи Тоҷикистон мустақар шуда буданд. Аммо бо вуҷуди итмоми ҷанг дар Тоҷикистон ва кӯчидани ҲИӮ а Афғонистон ҳам мақомоти Ӯзбекистон ҳозир нашуданд минаҳояшонро аз сарҳад рӯбанд.

Баъди гармшавии муносиботи ду кишвари ҳамсоя, ки бо ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев иттифоқ афтод, яке аз созишҳои ҷонибҳо ин буд, ки марзи ду кишвар аз минаҳо поккорӣ шавад.

Аз минаҳое, ки дар марзҳо гузошта шудаанд, асосан мардуми мулкӣ зарар медиданд, ки бинобар беэҳтиётӣ ё фаромӯшӣ ба мина бархӯрда кушта ё маҷрӯҳ мегаштанд. Ҳамчунин аз хатари таркиши мина истифодаи садҳо гектар замин дар ҳарду тарафи сарҳад ғайриимкон гаштааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *