Categories Хабарҳо

Футбол: Бозии дӯстонаи Хуҷанд-Самарқанд бо ҳисоби баробар анҷом ёфт

Дастаи мунтахаби шаҳри Хуҷанд бо тими  «Динамо»-и Самарқанди Ӯзбекистон– бо ҳисоби баробари 2:2  бозии дӯстона анчом дод. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Нӯъмонҷон Юсупов, сармураббии тими “Хуҷанд”, рӯзи 22-юми апрел хабар додааст.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои «Динамо» ва «Хуҷанд» дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон рӯзи ҷумъа, 20-уми апрел, дар варзишгоҳи “Динамо”-и шаҳри Самарқанд баргузор шуд. Голҳои «Хуҷанд»-ро Бахтиёр Чориев ва Фарҳод Тоҳиров заданд.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи «Хуҷанд» -и шаҳри Хуҷанд, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон мебошад.

 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *