Рубрики Хабарҳо

Инфиҷор дар Чобҳори Эрон шуморе кушта ва захми барҷой гузошт

Инфиҷори худрави бомбгузоришуда дар наздикии ситоди фармондеҳии интизомӣ дар шаҳри Чобҳор, дар ҷанубу шарқи Эрон 3 кушта ва шуморе низ захми барҷой гузошт.

Раис идораи беҳдошт ва дармони Чобҳор гуфта, ки тибқи ҷадидтарин омор 27 захмӣ дар бемористон Чобҳор бистарӣ шудаанд.

Аҳмад Алӣ Мавҳиботӣ, устондори Систон ва Балучистони Эрон, инфиҷори худрави бомбгузоришуда дар Чобҳорро як ҳамлаи интиҳорӣ донистааст.

Хабаргузории “Меҳр” ба нақл аз як мақоми амниятӣ ҳадафи ин ҳамлаи интиҳориро террори фармондеҳи интизомии Чобҳор эълом кардааст.

Муҳаммад Ҳоди Маръашӣ, муовини амнияти интизомии устондори Систон ва Блучистон низ дар гуфтугӯ бо расонаҳои Эрон дар ин робита гуфтааст: ду нафар аз маъмурони интизомӣ тайи ҳодисаи террористии Чобҳор ба шаҳодат расида ва се нафар дигар захми шудаанд.

Шаҳриёр Ҳайдарӣ, мудири кулли умури марзии вазорати дохилаи Эрон аз кушта шудани омили интиҳории инфиҷори Чобҳор хабар додааст.

Бархе аз расонаҳои Эрон гурӯҳи Ансор-ул-Фурқонро масъули ин инфиҷори интиҳорӣ муаррифӣ кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *