Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон аз гандуми Қазоқистон маҳрум мешавад?

Қазоқистон, яке аз бузургтарин содиркунандагони гандум дар ҷаҳон, ният дорад содироти гандумро қатъ намуда, онро дар дохили кишвар коркард намояд. Тоҷикистон қисмати бузурги гандумро аз ин кишвар ворид месозад.

Талаботи зиёд ба орди Қазоқистон ин кишварро водор ба истеҳсоли бештари он кардааст. Чин — бузургтарин бозори ҷаҳон дар чанд соли охир тавваҷҷӯҳи бештаре ба орди Қазоқистон кардааст, ки дар ду соли охир ҳаҷми онро зе баробар бештар кардааст. Ҳамчунин хушксолии имсола дар Ӯзбекистону Афғонистону Тоҷикистон талабот ба орди ин кишварро афзоиш додааст.

Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд имкони чаҳор маротиба бештар кардани коркарди гандум дар дохили кишварро доранд, ки дар натиҷа ин кишвар метавонад пурра гандуми истеҳсолшавандаро дар дохил коркард кунад. Тибқи гуфтаи мақомот 70 дарсади гандуми ин кишвар ба Афғонистон, боқимонда ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон содир мешавад.

Қатъи содироти гандум аз Қазокистон паёмадҳои на чандон хубе ба иқтисоди Тоҷикистон дорад. Ин на танҳо ба гароншавии қимати орд оварда мерасонад, балки даҳҳо осиёби бузург дар кишвар аз кор мемонанд, ки боиси камшавии ҷои кор ва манбаъи андоз мегардад. Албатта Тоҷикистон метавонад гандумро аз кишварҳои дигар низ ворид кунад, вале бо назардошти дурии роҳ харидани орди Қазоқистон аз воридсозиву коркарди гандум арзонтар тамом хоҳад шуд.

Нархи орд дар Тоҷикистон бинобар воридоти бидуни мушкил аз Қазоқистон чанд соли охир пойдор аст, аммо минбаъд метавонад ба ҷаҳишҳое рӯбарӯ шавад. Талаботи бештар аз Чин ҳам метавонад нархи орди ин кишварро боло барад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *