Рубрики Хабарҳо

Сабаби болоравии нархи барқ —қарз. Сабаби қарз чист?

“Барқи Тоҷик” расман сабаби боло бурда шудани нархро эълон кард — қарзи бузурги ин ширкат.

Дар баёнияе, ки ин ширкат нашр кардааст омада, ки  “таҳлилҳои аз тарафи мутахассисони соҳа ва коршиносони байналмилалӣ гузаронидашуда собит сохтанд, ки ширкати «Барқи тоҷик» бо тарифҳои пешина ягон имконият надошт, ки аз қарз раҳо гардад ва дар лоиҳаҳои инвеститсионии байналмиллалӣ ширкат намояд».

Бори аввал нест, ки ин ширкат нархи барқро бо ҳар баҳона боло мебарад, аммо боре ҳисобот нашр накардааст. Яъне то ҳол нархи истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон номаълум боқӣ мемонад.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, қарзи ширкати давлатии барқрасони Тоҷикистон — “Барқи Тоҷик” моҳи июни соли ҷорӣ ба 14,7 миллиард сомонӣ ($1.61млрд) расида буд. Ҳоло имкон дорад ин қарз аз марзи 15 миллиард убур кардааст.

Ширкати “Барқи Тоҷик” ҳар соли молиявиро бо зарарҳои бузург ба анҷом мерасонад. Новобаста аз тадобире, ки давлат гӯё меандешад, ҳаҷми зарарҳои “Барқи Тоҷик” сол то сол афзоиш меёбад. Барои мисол, тибқи аудите, ки ширкати Baker Tilly Klitou and Partners SRL дар соли 2016 гузаронида буд, зарари умумии “Барқи Тоҷик” дар ин сол 2,3 миллиард сомонӣ ($ 250 миллион) будааст.

Мутахассисон мегӯянд имкони зарар дидани “Барқи Тоҷик” хеле заъиф аст. Ягона сабабе, ки боиси зарар дидани ин ширкат мешавад, дуздиҳои бузурге аст, ки дар ин ширкат ҷараён дорад. Ин ширкат солҳост, ки ба яке аз манбаъҳои дуздии Оила табдил ёфтааст.

Чанд узви Оила бо чанд роҳ ин ширкатро ғорат мекунанд: Рустами Эмомалӣ бо фурӯши ғайрирасмии барқ  ба Афғонистон, Ҳасан Асадуллозода бо фурӯши барқ ба Ӯзбекистон ва интиқоли маблағҳои аз аҳолӣ ҷамъшуда ба ширкатҳои офшорӣ ва ғайра.

Масъулини «Барқи тоҷик» даъво доранд, ки болоравии нархи нерӯи барқ барои ҳар муштарӣ дар алоҳидагӣ он қадар таъсири гароне надорад, вале барои пешрафти соҳа, ва пешрафти иқтисодиёти тамоми кишвар хеле муҳим аст. Аммо фаромӯш кардаанд, ки 1.5 миллиард қарзи онҳо бояд аз ҳисоби буҷа, аниқтараш кисаи мардум пардохта шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *