10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Бозрасии манзили сарконсули Арабистон дар Истамбул

Ҳайати туркиягии гурӯҳи муштараки Туркия-Саудӣ ки барои тафтиши қатли Ҷамол Хошуқҷӣ таъсис шудааст, вориди маҳалли иқомати Муҳаммад Ал-ъутайбӣ, сарконсули Арабистон дар Истамбул шуд.

Бо вуруди бозрасони турк дар соат 16.40 тафтиши манзили Ал-ъутайбӣ оғоз шуд.

Намояндагони додситонӣ ва нерӯҳои вежаи мубориза бо терроризми фармондеҳи пулиси Истамбул ба ҳамроҳи муфаттишони ҷиноӣ٬тими бозрасии Туркияро дар вуруд ба маҳалли иқомати сарконсули Арабистон дар Истамбул ҳамроҳӣ карданд.

Гуфтанист, Муҳаммад Ал-ъутайбӣ дирӯз аз Туркия хориҷ шуда буд.

Қарор буд маҳалли иқомати вай дирӯз бозрасӣ шавад, вале ба гуфтаи Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия, шаби гузашта тафтиши иқоматгоҳи сарконсули ин кишвар анҷом нашудааст.

Гуфтанист Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори аҳли Арабистони Саудӣ, сардабири собиқи рӯзномаи Ал-Ватан ва сутуннависи Вашингтон пост рӯзи дувуми моҳи октябри ҷорӣ ба манзури анҷоми умури расмие вориди консулгарии ин кишвар дар Истамбул шуда ва аз он хориҷ нашудааст.

Полиси Туркия зимни таъйиди адами хурӯҷи Хошуқчӣ аз консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул эълом карда, ки ҳамзамон бо вуруди ӯ ба ин маҳал 15 мақоми амниятии ин кишвар низ бо ду парвоз вориди ин шаҳр шуда ва пас аз муддати кӯтоҳе Туркияро тарк кардаанд.

Пас аз ин ҳодиса мақомоти Арабистони Саудӣ таҳти фишори байналмиллӣ барои равшан шудани сарнавишти вай қарор гирифтанд. Онон барои ҳамкории наздик бо Туркия дар ин замина эълом омодагӣ кардаанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *