Рубрики Хабарҳо

Ироаи лоиҳаи таваққуфи фурӯши аслиҳа ба Арабистон дар маҷлиси намояндагони ИМА

Тарҳи қатъи кумакҳои низомӣ ва таваққуфи фурӯш аслиҳа ба Арабистони Саудӣ дар маҷлиси намояндагони Амрико ироа шуд.

Ҷим Макговарн, намояндаи демократи иёлати Масачусетси Амрико тайи матлабе дар сафҳаи корбарии худ дар твиттер эълом кард тарҳи қатъи кумакҳои низомӣ ва таваққуфи фурӯши аслиҳа ба Арабистони Саудиро ба Маҷлиси намояндагони ИМА ироа кардааст.

Макговарн навишт: «тарҳи қатъи кумакҳои низомӣ ва таваққуфи фурӯши аслиҳа ба Арабистони Саудӣ то замоне, ки Майк Пампео, вазири умури хориҷа таъйид кунад, ки Риёз дастури қатл ё рабуда шудани Ҷамол Хошуқҷиро надодааст, расман ба Маҷлиси намояндагон ироа кардам».

Дар ҳоле, ки Маҷлиси намояндагон мӯҳтавои ин тарҳро эълом накардааст, то кунун 6 намояндаи демократ ва ду намояндаи ҷумҳурихоҳ аз он ҳимоят кардаанд.
Лозим ба зикр аст, ки ин тарҳ барои тасвиб шудан дар Кумитаи умури хориҷа ва Маҷлиси намояндагон бояд тавассути ҷумҳурихоҳон, ки аксарияти маҷлисро ташкил медиҳанд, маврид ҳимоят қарор бигирад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *