Тоҷикистон дар зинаи 102-уми радабандии рақобатпазирии ҷаҳонӣ, ки ҳар сол аз тарафи Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ тартиб дода мешавад, қарор гирифтааст. Нисбат ба соли гузашта ин нишондиҳанда 5 зина поёнтар аст.
Болотар аз Тоҷикистон кишварҳое мисли Гондурас ва Намибия ҷойгир шудаанд, ки мутаносибан дар зинаҳои 101 ва 100-уманд. Дар умум ба радабандӣ 140 кишвар ворид гаштаанд.
Тоҷикстон дар 3 сол 23 зина поёнтар фаромадааст — соли 2015 он дар мавқеъи 80-ум қарор дошт. Ин мавқеъ то ҳол беҳтарин нишондиҳандаи кишвар дар ин радабандӣ аст.
Барои тартиб додани ин радабандӣ муаллифонаш байни намояндагони бизнеси кишварҳоеро, ки ба он шомиланд, назарпурсӣ анҷом медиҳанд. Дар натиҷаи таҳлил, марҳилаи рушди Тоҷикистон “таъиншаванда тавассути омилҳо” муайян шудааст, ки поёнтарин зинаи рушди иқтисод аз 5 зинаи мавҷуда аст.
Дар садри шохиси рақобатпазирӣ дар соли 2018 ИМА истодаанд. Аз паси онҳо Сингапур ва Олмон қарор доранд. Бадтарин вазъ дар Чад будааст, ки мавқеъи 140-умро ишғол кардааст.
Байни кишварҳои собиқи шӯравӣ беҳтарин нишондиҳандаро Русия соҳиб шудааст, ки зинаи 43-юмро ишғол кардааст. Баъди он Қазоқистон меояд (59-ум). Бадтарин вазъ дар минтақаро Тоҷикистон дорад, Қирғизистон бошад, бо ду зина боло рафтан, мавқеъи қаблии Тоҷикистон — 97-умро ишғол кардааст. Ӯзбекситону Туркманистон имсол ба радабандӣ шомил нашуданд. Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба радабандӣ ҳамчунин Гурҷистон (66), Озарбойҷон (69), Арманистон (70), Украина (80) ва Молдова (88) ворид гардидаанд.