Аҳнаф Ибни Қайс, Худо аз ӯ розӣ бошад, гуфта буд, ки ҳазрати Умар барояш чунин сухан кардаанд: “ Эй Аҳнаф, ҳар кӣ хандааш бисёр шуд, ҳайбаташ кам мешавад. Ҳар кӣ ҳазлу мазоҳаш бисёр шуд, эътибораш коста мегардад. Ҳар касе амалеро бисёр иҷро кунад, аз рӯйи ҳамон амал шинохта мешавад. Он кӣ бисёр ҳарф мезанад, афсурда мегардад ва афсурда шударо ҳаёяш кам мегардад. Ҳаё кам шавад, тақво ҳам гум мешавад, тақво, ки гум шуд, қалб ҳам ҷавҳари ҳастиро гум мекунад, мемирад.
Саҳобае ба номи Аҳнаф ибни Қайс буд ӯ бисёр шахси бурдбору ҳалим буд. Ҳикоят мекунанд, ки марде ӯро дашном дод ва Аҳноф посухаш надода, ба роҳаш идома дод. Мард боз наздик шуду дашномашро идома дод. Аҳнаф дар маҳалае, ки дар он зиндагӣ мекард ҳамон ҷо истод ва рӯй ба он мард карду гуфт: Агар дар зеҳнат чизе мондааст, ки бигуӣ онро инҷо бигӯ, зеро касе аз аҳли маҳала шунавад дар пайӣ озорат барояд.
Бурдборӣ ҳамон хештандорӣ аст ва фурӯбарандаи хашму дурӣ аз асабоният ва посухи бадиро ба некӣ баргардодан аст.
Ҳалим яке аз сифатҳои Худованди Мутаъол аст, ки Ӯ дар ҳақиқат ҳалуму бурдбор аст. Худованд нофармонӣ ва мухолифати гунаҳкоронро мебинад ва онҳоро мӯҳлат дода, дар интиқом шитоб наменамояд. Худованд мефармояд: «… Худо ба он чӣ дар дил доред, огоҳ аст. Аз ӯ битарсед ва бидонед, ки ӯ омӯрзандаву бурдбор аст!».
(Сураи Бақара, ояти 235)
Акнун мегузарем ба зиндагиномаи саҳобаи киром бо номи Аҳнаф Ибни Қайс.
Ному насаби пуррааш Аҳнаф ибни Қайс ибни Муовия ибни Ҳасин Абу Бахр Тамимий. Дар хурдӣ бо номи Даҳҳок мешинохтандаш. Дар як ривоят Сохр ҳам гуфтаанд номашро. Аз сабаби он, ки пойҳояш хеле лоғар буданд, “Аҳнаф” (яъне борикпой) ном гирифтааст ва ҳамин хел шинохта ҳам шудааст. Сулаймон ибни Абу Шайх (Худо розӣ бошад) гуфта буд: “Исми аслии Аҳнаф Сохр ибн Қайс аст ва ӯ аз қабилаи Бани Саъд мебошад”.
Аҳнаф ибни Қайс (раҳмати Худо нисораш бошад) бо қуввати бозӯ, молу дороӣ, бузургии насаб ва ғайра шӯҳрат пайдо накардааст, балки бо ҳилму ақлу идрок ва ҳакимиаш дар байни авоми қабилаи Тамим эътибори хосае пайдо карда буд. Аз фотеҳони намоёни Марв, Ҳирот ва Нишопур ҳам ҳаст.
Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани расули акрам (дуруди Ҳақ нисорашон бодо) Аҳнаф исломро пазируфта буд, аммо дидори паёмбар насибаш нагардид. Худи Аҳнаф дар ин бора чунин нақл мекунад: “ Замони ҳукмронии ҳазрат Усмон ибн Аффон буд, Худо аз он кас розӣ бошад. Машғули тавофи Каъба будам. Ба наздам аз қабилаи Бани Лайс нафаре омад ва аз дастонам гирифту гуфт :” Ба ту ҳарфе гуям, ки табъат болида гардад?”
Гуфтам: “Бале”
Ӯ гуфт : “Расули Аллоҳ (дуруд бар олу асҳобашон) вақте маро барои даъват бар дини мубини ислом ба сӯйи қабилаи Бани Саъд фиристода буданд, дар хотир дорӣ? Ман он вақт ба онҳо дар бораи дини ислом мегуфтам, ту бошӣ бархоста ба гап ҳамроҳ шудиву гуфтӣ, ки ба суханонаш гӯш кунед, ӯ фақат ҷониби хубӣ раҳнамун мекунад ва ман ҳам аз ӯ фақат ҳарфи хуб шунидаам” гуфтӣ.
Ман ин рафторатро ба ҳазрати расулаллоҳ (Дуруд бар равонашон) нақл кардам, он зот дуои нек карда гуфтанд : “Ё Аллоҳ, гуноҳони Аҳнафро авф намо”
Ба ғайр аз ин дуо чизи дигаре надорам, ки маро ба умедҳоям бупайвандад. (Имом Аҳмад дар ин бора ривоят кардааст).
Холид ибни Сафвон (розӣ бошад Худованд) дар бораи Аҳнаф Ибни Қайс мегӯяд, ки ӯ фақат аз шӯҳратмандӣ парҳез дошт, аммо шӯҳрат доимо аз пайи Аҳнаф таъқиб дошт.
Як рӯз ба Аҳнаф гуфтанд , ки дигар пир шудаасту рӯза гирифтан ӯро аз ҳол мерабояд ва афсурда мегардад. Ӯ дар ҷавоб гуфт: “Ман рӯзаро барои сафари дурударози дарпешистода мегирам” Шабҳои дароз ибодат мекард, намоз мегузошт. Гоҳо ангушташро ба шамъи фурӯзон медошт ва ба худ суол мекард, ки чаро фулон рӯз чунин корҳо карда будӣ? Гӯё худро имтиҳон мекард.
Аҳнаф ибни Қайс дар замони Умар (Худо розӣ бошад) ба Мадина омад. Ин ба ӯ имкон дод, ки таълимоти исломро аз саҳобаҳои бузург биомӯзад ва боис шуд, ки дар ҳаёташ осори бузурге боқӣ гузорад. Аз Умар ибни Хаттаб, Алӣ ибни Абутолиб, Абузарри Ғифорӣ, Аббос ибни Абдулмутталиб, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Усмон ибни Аффон ва дигарон ҳадисҳо ривоят кардааст. Аз ӯ бошад, Амр ибни Ҷаввон, Ҳасани Басрӣ, Урва ибни Зубайр, Талақ ибни Ҳубайб, Абдуллоҳ ибни Умайра, Язид ибни Шоҳир, Холид ал-Усрӣ ва дигарон ҳадис ривоят кардаанд. Ибни Саъдро Худо раҳмат кунад дар бораи Аҳнаф ибни Қайс гуфтааст: Ӯ кам ҳадис нақл карда бошад ҳам, хеле ҳадисҳои боэътимоданд.
Дар боби як хислати хуби Аҳнаф, ки ҳалимиву мулоимати ӯ буд, Сулаймон Таймӣ ривоят кардааст: Се ҳолати хубу азизеро зикр мекунам
1 То ба дари султон даъват накунанд, нарафтам
То байни ду нафар нахонанд, ҳаргиз ворид нашудам
Ҳар нафаре аз наздам рафтаанд, фақат бо некӣ ёдашон кардам
Инчунин гуфта буд, ки ҳар нафаре бар муқобили ман меандешад, ё ҳар гоҳ озоре мерасонад, агар синну солаш бузургтар аз ман аст, ба ҳурмати солаш рафтор кардам, агар кӯчактар аз ман аст, кӯшиш кардам, ки фикрамро болотар гирам ва агар ҳамсоли ман аст, кӯшидам, ки илтифот нишон диҳам ва ситоишаш кунам.
Боз ҳам суханони пурҳикмати Аҳнафро зикр мекунем. Аз се тоифа се ҳолатро интизор набояд шуд. 1. Аз беқадр шарофат, 2. Аз бадахлоқ хубӣ 3 Аз аҳмақ меҳрубонӣ.
“Ҳар кас рафторҳое мекунад, ки писандидаи мардум нест, ё гуфтораш маъқули одамон нест, одамон дар борааш тамоман намедонистаашонро ҳам гуфта мемонанд.” “ Бузургӣ дар нигаҳ доштани асрор ва дур будан аз бадон аст” “Ҳар кас, ки иштибоҳашро тан мегирад, инсони комил аст”
Дар ҳарфҳои беамал, дороии бесаховат, дӯсти бевафо, донишманди бедиёнат, Садақаи беният, ҳаёти бе амнияту офият хубие буда наметавонад”
Дар дурӯғгу мардонагӣ, дар ҳасуд оромӣ,дар мумсик пуррагӣ, дар бадахлоқ эҳтиром ба ӯ ва дар ғамолуда дӯстӣ нест.
«Аз Зӯҳд»-и Имом Аҳмад раҳматуллоҳи алайҳ ривоят шуда, ки дар яке аз рўзҳои гарми тобистон, ки нурҳои оташбори офтоб регҳои биёбонро мисли ахгарҳои оташин тафсонида буд, корвони намояндагони Ироқ ба Мадинаи мунаввара омада расид. Пешопеши онҳо Аҳнаф ибни Қайс (р) равон буд. Ў амирулмўъминин Умар (р)-ро ҷустуҷў мекард. Баъди чанде Умар (р)-ро дар назди уштури беморе, ки аз моли садақа ба шумор мерафт, пайдо намуд, ки саллашро як сў гузошта, миёнашро бо ҷелак баста буд ва уштури бемореро муолиҷа мекард.
Вақте, ки чашми Умар (р) ба Аҳнаф афтод ба ў муроҷиаткунон гуфт:
— Эй Аҳнаф, либосҳоятро каш ва зуд биёву ба Амирулмўъминин дар табобати ин уштур, ки ҳаққи ятиму мискин ва бевазанон аст, кўмак расон. Суханони Умар (р)-ро марде аз ҳозирин шунида, бо тааҷҷуб гуфт:
— Худо биомурзад туро, эй Умар (р), магар ходимони ҳозиристодаро намефармоӣ, ки ин корро худашон ба анҷом расонанд.
Умар (р) дар ҷавоб хоксорона гуфт:
— Оё аз ману Аҳнаф дида ходимтаре ҳаст. Дар ҳақиқат, шахсе, ки масъули умури мусулмонон мешавад вай бандаву хидматгори онҳост. Чуноне, ки ғулом дар назди хоҷааш фармонбардор аст, волии мусулмонон низ дар адои амонат ва насиҳати онҳо масъул мебошад
Аз Асмоӣ ривоят шудааст, ки Аҳнаф ибни Қайс (раҳимаҳуллоҳ) дар Куфа дар аҳди Мусъаб ибни Зубайр (раҳимаҳуллоҳ) дар 72 — солагӣ вафот кард. Ӯро дар назди қабри Зиёд ибни Абусуфён (раҳимаҳуллоҳ) дафн карданд. Мусъаб ибни Зубайр дар маросими дафни ӯ ширкат варзид ва гуфт: «Имрӯз мо сайиди арабро аз даст додем.»
Соима Саидӣ