Рубрики Хабарҳо

Укроин 30 ҳазор тон гандум ба Афғонистон кумак кард

Вазири умури хориҷаи Амрико аз кумаки 30 ҳазор тон гандуми Укроин ба Афғонистон хабар дод. 

Энтони Блинкен, вазир умур хориҷаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар твитте эълом кард: “Укроин новобаста аз ранҷи худ бинобар таҳоҷуми ваҳшиёнаи Русия, 30 ҳазор тон гандум аз тариқи барномаи ҷаҳонии ғизо барои коҳиши буҳрони инсонии Афғонистон ва 50 ҳазор тон ғаллаи дигар барои Эфиопия ва Сомалӣ кумак кардааст”. 

Дар ҳамин ҳол Созмони кишоварзи милал муттаҳид дар гузорише эълом кард, ки пас аз моҳи ноябри сол ҷорӣ, эҳтимол дорад, ки ноамнии ғизоӣ ва маргумири густурдаи ноши аз гуруснагӣ ва сардии ҳаво дар Афғонистон афзоиш ёбад. 

Дар ин гузориш омадааст, ки то ноябр соли ҷорӣ ҳудуди шаш миллион тан дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ мешаванд. 

Бар асоси омори созмонҳои имдодрасон, беш аз 20 миллион нафар дар Афғонистон бо гуруснагӣ мувоҷеҳанд, ки бояд кумакҳои бештаре барои онон расонда шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *