Дар боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии муттаҳамони ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара оғоз мешавад. Дар курсии айбдорӣ 17 нафар нишастаанд.
Дар назди бинои боздоштгоҳ наздикони боздоштшудагон ва рӯзноманигорон ҷамъ омадаанд. Тибқи гуфтаи мақомот мурофиъа мӯҳри махфӣ надорад ва бояд озод баргузор гардад. Аммо барои ворид шудан ба боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) иҷозаи махсуси мақомот зарур аст, ки имкон дорад касе аз ҷамъомадагон онро дастрас накунад.
Аз 17 нафаре, ки дар курсии айбдоршаванда нишастаанд, танҳо 1 нафар — Ҳусейн Абдусамадов ба ширкат дар ҳамла муттаҳам мешавад. Дигарон ба иттиҳомҳои дигаре, ки ба амалӣ шудани ин ҷиноят кӯмак кардаанд, аз ҷумла хабар надодан ба мақомот дар бораи ҷиноят боздошт гардидаанд.
Ҳусейн Абдусамадов, ки мақомот ӯро раҳбари гурӯҳи ҳамлагарон ва узви ҲНИТ меноманд, ягона нафаре аз гурӯҳ аст, ки зинда мондааст. Чаҳор нафари дигар — Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо гӯё аснои “муқобилият ба мақомот”-и интизомӣ бо корду табар, парронда шудаанд.
Абдусамадов на танҳо ягона нафарест, ки зинда мондааст, балки ягона узви гурӯҳ аст, ки синну солаш ба узви ҲНИТ будан рост меояд. Чаҳор нафари кушташуда замоне ки ҲНИТ баста шуд, ҳанӯз ба балоғат нарасида буданд ё хеле ҷавон буданд, ки фурсати узви ин ҳизб шуданро надоштанд.
Ин ягона таноқузе нест, ки дар баёнияҳо ва амалкардҳои мақомоти интизомиву тафтишотӣ дида мешавад. Бештари баёнияҳои нашркардаи ВКД ба ҳамдигар таноқуз доранд.
Ба тафтиши қазия ҳамчунин муфаттишон аз ИМА ва Суис машғуланд, аммо то ҳол аз тарафи онҳо ҷузъиёти тафтиш расонаӣ нашудааст.