Давраи аввали фурӯдгоҳи ҷадиди Истамбул, ки дар замине ба масоҳат 76 миллиону 500 ҳазор метр мураббаъ ва ба маблағи 6 миллиард евро сохта шудааст, имрӯз бо ҳузури раисҷумҳури Туркия тайи маросими расмӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.
Давраҳои дигари ин фурӯдгоҳ низ тибқи рушди теъдоди мусофирин то соли 2023 ба итмом хоҳад расид.
Давраи аввали ин фурӯдгоҳ, ки ҳудуди 10 ҳазор нафар ба сурати 24 соата дар сохти он кор мекунанд, зарфияти ҷо ба ҷои солона 90 миллион мусофир ба 350 масир ва ироаи хадамот ба 250 ширкати ҳавопаймоиро хоҳад дошт. Ҳамчунин поркинги фурӯдгоҳ низ бо зарфияти 18 ҳазор автомобил, бузургтарин дар навъи худ дар Аврупо хоҳад буд.
Бо итмоми тамоми даврҳои фурӯдгоҳи ҷадиди Истамбул, бузургтарин пружаи фурудгоҳии ҷаҳон, ки аз сифр сохта шудааст, солона 200 миллион мусофир аз ин фурӯдгоҳ истифода хоҳанд кард.
Пас аз интиқоли комили фурӯдгоҳи Отатурк ба фурӯдгоҳи ҷадиди Истамбул то охири соли ҷорӣ, рӯзона ҳудуди 2 ҳазор ҳавопаймо нишасту бархост хоҳанд кард.