Categories Хабарҳо

Домоди Эмомалӣ Раҳмон бозори суғуртаро ҳам азхуд мекунад

Ширкати “Фароз”-и мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов вориди бозори суғурта шудааст ва ҷои ширкати давлатии “Тоҷиксуғурта”-ро дар бозор тангтар мекунад. Баъид нест, ки ба зудӣ ин бозор ҳам монополияи домоди раисҷумҳур шавад.

“Суғуртаи аввалини миллӣ” — ширкати вобаста ба “Фароз” ҳоло суғуртаи ҳоҷиён ва васоити нақлиётро азхуд кардааст. Қаблан танҳо “Тоҷиксуғурта” — ширкати давлатӣ ҳақи суғурта крадани васоити нақлиётро дошт. Ин навъи суғурта пурдаромадтарин бахши бозори суғурта аст.

Қимати суғуртаи ҳатмӣ, ки ҳар воситаи нақлиёт бояд онро дошта бошад, дар ширкати “Суғуртаи аввалини миллӣ” 127,5 сомониро ташкил медиҳад. Бо назардошти ин ки дар Тоҷикистон наздик ба 1 миллион воситаи нақлиёт вуҷуд дорад, ва маблағи умумии суғуртаи онҳо дар беш аз 10 миллион долларро ташкил хоҳад дод, баъид нест, ки ба зудӣ “Тоҷиксуғурта” аз бозор ронда шавад.

Тибқи гузориши Радиои “Озодӣ”, беш аз шаш ҳазор нафар зоирон, ки имсол аз маконҳои муқаддас барои пайравони Ислом дар Арабистони Саъудӣ дидан карданд, аз сӯи ширкати «Суғуртаи аввалин миллӣ» суғурта шудаанд.

“Фароз”, ки қаблан ба Умаралӣ Қувватов таъаллуқ дошт ва аз тарафи Шамсулло Соҳибоб ғасб гардидааст, чанд сол мешавад, ки ба ғасби рейдерии ширкатҳои муваффақ ва соҳаҳои пурдаромади кишвар машғул аст. Аз ғасбҳои охири ин Шамсулло Соҳибов метавон ширкати “Умед-88”, бозори “Меҳргон”,  маркази савдои “Вефа” ва ширкати қуръакашии “Лото-Спорт”-ро ном бурд.

Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати «Умед 88», яке аз рақибони аслии домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов дар бозори маводи сӯхт ба ҳисоб мерафт, аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон маҳкум гардид ва аз сари роҳи ӯ бардошта шуд. Тамоми моликият ва бизнеси “Умед-88” дар ихтиёри “Фароз” қарор гирифт.

Бозори (қаблан Пойтахт 90), ки соли 2014 аз ҳисоби буҷаи кишвар ба маблағи 202 миллион сомонӣ ё 40 миллион доллар бунёд шуда буд, аввали соли ҷорӣ ҷузъе аз ҷамъияти саҳҳомии “Фароз” шуд. Ним сол қабл машҳуртарин бозори пойтахт — Шоҳмансур аз байн бурда шуд ва тамоми фурӯшандагонш ба бозори Меҳргон кӯчонида шуда буданд.

Бинои замонавии 12 ошёнаи Маркази Вефа, ки Соҳибов онро ғасб кард, ба ширкати туркии «Озгун Строительство и торг» таъаллуқ дошт, ки соҳиби он ба алоқа бо мухолифи турк ва раҳбари ҳаракати «Хизмат» Фатҳулло Гюлен муттаҳам мешуд.

Шамсулло Соҳибов ҳамчунин муоинаи тиббии хонандагони мактаб, ронадагони воситаи нақлиёт ва хонадоршавандагонро дар тамоми ҷумҳурӣ монополия кардааст. Ҳар хонандаи мактаб қабл аз рафтан ба он, ҳар ҷуфти оиладоршаванда, ҳар ронандае, ки бояд ҳуҷҷат гирад, қаблан маҷбур аст бо гузаштан ё нагузаштан аз муоинаи тиббӣ ба хазинаи бетаги “Фароз” маблағи муайянеро пардохт кунад.

Шамсулло Соҳибов шавҳари духтари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон — Рухшона Раҳмонова аст. Ӯ солҳои дароз вазифаи намояндаи тиҷории Тоҷикистон дар Бритониёро иҷро мекард, дар ҳоле, ки гардиши мол байни Тоҷикистону Бритониё ба сифр баробар аст.  

Айни ҳол ба Шамсулло Соҳибов ширкати Фароз таъаллуқ дорад, ки тамоми бозори сӯзишвории кишварро инҳисорӣ (монополия) кардааст. Ин ширкат молики саддарсадии Автосантал ҳам ҳаст, ки бозори омӯзиши ронандагӣ ва ҳуҷҷатҳои ронандагиро дар ихтиёр дорад. Камераҳои назоратии роҳҳои Душанбе, осоишгоҳи Сафеддара ҳам моли Фароз аст.

Соҳибов бозори фурӯши шираи камолро низ инҳисорӣ кардааст. Ҳамчунин ба интиқоли пинҳонии сӯзишворӣ ба Афғонистон машғул аст. Дар истеҳсоли ангишту тилло ҳам ширкат мекунад. Кони тиллои «Заринка» дар Ҳоит ба ӯ таъаллуқ дорад.

Шарофиддин Гадоев, мухолифи тоҷик, ки қаблан ҳамроҳ бо Умаралӣ Қувватов бо Соҳибов ҳамкор будааст, дар мусоҳибааш бо Паём гуфта буд, ки бизнесҳои Шамсулло ба ӯ имкон медиҳад ҳар моҳ ба офшор 2,5 миллион доллар интиқол диҳад.

Шамсулло Соҳибов офшори худро дар ҷазираҳои Вирҷин таҳти номи Шамсулло Сахибов бунён гузоштааст. Бозӣ бо ҳарфҳо дар ному насаб ҷустуҷӯ ва муайян кардани соҳибони офшорҳоро мушкилтар мекунад. Тибқи ҳуҷҷатҳои панамагӣ, Шамсулло Соҳибов ширкати худро дар нишонии пустии (почтовый адрес) Мейтленд-Корт; Lancaster Terrace; Лондон W2 3PE ба қайд гирифтааст. Пулҳояшро Соҳибов тавассути ширкати миёнарави MOSSACK FONSECA & CO. (UK) LIMITED, воқъъ дар Бритониё ба ширкати офшории худ GLATTO MANAGEMENT LTD интиқол медиҳад. GLATTO MANAGEMENT LTD ҳанӯз соли 2011 дар ҷазираҳои Вирҷин ба қайд гирифта шудааст.

GLATTO MANAGEMENT LTD Ягона ширкати офшорие нест, ки ба Соҳибов тааллуқ дорад. Ширкатҳои дигар бо номҳои бегона ба қайд гирифта шудаанд.

 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *