Масъулони амниятии Толибон дар вилояти Тахор мегӯянд, барои посбонии марз бо Тоҷикистон тадбирҳои сахти амниятӣ андешидаанд.
Толибон мегуянд, ҳеҷ таҳдиди амниятӣ дар сарҳадҳои Тахор бо Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Қодир Зикрулло Зокир, як фармондеҳи Толибон ба телевизиони “Ориёно Нюс” гуфтааст: “Дар тамоми ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистон муҷоҳидини мо мустақар ҳастанд ва омодаи ҳар навъ таъмини амният мебошанд. Ҳеч мушкиле нест.”
Аммо мушакҳои дайдуе, ки аз ҷониби Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон омада меафтанд, ҷониби Тоҷикистонро нигарон кардааст.
Чанде пеш, чанд мушаке аз вилояти Тахор ба қаламрави Тоҷикистон бархӯрд ва ДОИШ масъулияти ин мушакандозиро бар уҳда гирифт. Ҳамчунин ба атрофи Тирмизи Узбекистон низ чанд рӯзи пеш мушакҳо аз ҷониби Афғонистон афтиданд.