Кумитаи андоз аз соҳибкорони хурд талаб дорад андози моҳи январи соли 2019-ро(!) пардохт кунанд, дар ҳоле, ки қарзи корхонаҳои бузург ба миллионҳо расидаанд.
Барои мисол, ширкатҳои Ҳасан Асадуллозода қарздорони асосӣ назди буҷаи кишвар ҳастанд.
Тибқи омори Кумитаи андоз аз 17 майи соли 2017 Ширкати алюминии тоҷик ба буҷаи ҷумҳурӣ 21,1 миллион сомонӣ қарздор аст.
ТАлКо Персия ба буҷа 492 сомонӣ ва “Ноқили ТАлКо 464 ҳазор напардохтаанд.
Қарзи ширкати ҳаваопаймоии мутааллиқ ба Асадуллозода — Сомон Эйр назди буҷа 4,4 миллион сомонӣ ва қарзи ширкати ӯ “Тоҷикгидромонтаж”, ки дар НБО Роғун кор мекунад, 5,2 миллион сомонӣ аст.
Маркази тиҷории “Созидание”, ки ба ТАлКо мутааллиқ аст, бояд ба буҷа 373 ҳазор сомонӣ ва ширкати сохтмонии Асадуллозода “СТМ-Иншоот”, ки бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказиро месозад 254 сомонӣ пардохт кунанд.
Қарзи умумии ширкатҳои миёнаву бузурги мутааллиқ ба Ҳасан Асадуллозода — додарарӯси раисҷумҳури Тоҷикистон назди буҷа, аз 40 миллион сомони (!) убур мекунад.
Қудои раисҷумҳур Бег Сабурӣ, ки аз ҳар хизматрасонии интернет ва алоқа пул кор мекунад, ба буҷаи кишвар 13 миллион сомонӣ қарздор аст.
Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳур ҳам дар пардохти андоз ва барнагардонидани қарзҳояш аз буҷа камтар аз Ҳасану Бег саҳланорӣ намекунад. Бозори ӯ “Меҳргон№ аз буҷа 917,5 ҳазор сомонӣ қарздор аст.
Корхонаи давлатии “Ангишти Тоҷик”, ки аз тарафи Соҳибов идора мешавад, ба буҷа 12,8 миллион сомонӣ пардохт накардааст. “Фулузоти нодири Тоҷикистон” бошад 8,5 миллион, “кони ангишти Назарайлоқ” 7,7 миллион.
Қарзи умумии ширкатҳои мутааллиц ба Шамсулло Соҳибов ҳам аз буҷа наздик ба 35 миллион сомонӣ аст.
Ин омори як сол қабл аст ва қарзи ин ширкатҳо давоми як сол хеле бештар шудаанд. Мутаассифона Кумитаи андоз рӯйхати қарздорон дар ин солро нашр накардааст.
Дар ҳамин ҳол тибқи омори Кумитаи андоз, барои аввали июли соли 2018 қарзи умумии корхонаҳои хурду миёна назди буҷаи кишвар ба 45,7 миллиард сомонӣ раисдааст. Ан нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ин қард 16 миллиарду 855 миллион сомонӣ бештар шудааст.
Гуфтанист, ки буҷаи Тоҷикистон барои соли 2019 дар ҳаҷми каме бештар аз 21 миллиард сомонӣ ($2,2 млрд.) муқаррар гардидааст.