Таҳти шиори “мубориза бо фарҳанги бегона” ҳазорҳо хоҳару модаронро дар Тоҷикистон таҳқиру тавҳин карда, ошкоро ҳуқуқу озодиҳои онҳоро маҳдуд намудаанд, ки садҳо навиштаву гузоришҳои дохиливу хориҷӣ дар ВАО баёнгари он аст.
Ҳукумати Тоҷикистон “таҳти мубориза бо фарҳанги бегона ” як навъ ҷангеро гӯё алайҳи фарҳанги бегона роҳандозӣ кардааст, ки он хилофи тамоми меъёрҳои байналмиллалӣ буда, бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ ба он посух гуфта шавад. Мутаассифона ин ҷанги тамомайёр бар зидди руймолу сатру ҳиҷоб дар кишваре иттифоқ меафтад, ки мардумаш 97 дарсад пайравӣ аз дини мубини Ислом доранд. Таърихан фарҳанги ин миллат бо фарҳанги ноби исломӣ омезиш ёфта он ба торупӯди ин мардум омехта шудааст. Ва ин гуна бархӯрди ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқиро ба ҷуз эълони ҷанг алайҳи мусалмонони воқеъии ин сарзамин наметавон чизи дигар унвон кард, ки охираш шояд ба як таркиши бузург анҷом шавад.
Боздошти Нилуфар Раҷабова духтари Раҳматуллои Раҷаб зиндонии сиёсӣ ва хоҳари рӯзноманигор Шуҳрати Раҳматулло рӯзи 14 декбр ҳамроҳи чанд хоҳару модари сатрпӯшу руймолдор дар пойтахти Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳад, ки ин рейдҳо пайваста ташкил шуда, вазъият аз солҳои қабли вахимтар шудааст. Ҷараёни ин боздошт, ки сабту расонаӣ шуд нишон медиҳад, ки як мақомдори баландпояи Вазорати корҳои дохилӣ Исматзода Машраф, ки ҳамзамон муовини ШВКД Сино -2 будааст чи гуна бо ин хоҳарону модарон муносибати дағалона намуда, аз ҳади ваколатҳои хидматияш берун рафта, бо поймол кардани тамоми қонунҳо ва меъёрҳои конститутсионӣ ин хоҳарро дашному ҳақорат ва ҳатто таҳдид ба таҷовуз кардааст. Аз ин рафтори кормандони сатҳи болои бармеояд, ки онҳо як навъ дастур ва чароғаки сабзро гирифтаанд, то ба хоҳарону модарон чунин бархурде анҷом бидиҳанд.
Ин гуна боздошту рейдҳо қариб ҳамаруза анҷом мешаванд. Тарсу ҳаррос ва набудани ВАО-и мустақил, низоми адолати судӣ ва дигар институтҳои ҳомии қонун дар Тоҷикистон имкон намедиҳад то ҳамаи он чи аз сари ҳазорҳо мусалмони тоҷик имрӯз мегузарад расонаӣ ва ба самъи ҷомеаи байнанлмилалӣ расонда шавад.
Боздошт ва рейди ахир хилофи қонунҳои кишвар аз ҷумла Сарқонун буда, он чандин моддаи қонуни асосиро поймол ва дағалона вайрон кардааст. На танҳо нисбати хоҳар Нилуфар Раҷабова, балки нисбати тамоми хоҳарону бонувоне, ки ҳадафи ин гуна рейдҳо қарор мегиранд, ин авохир поймол намудани меъёрҳои қонун аз ҷумла низоми демократӣ ва дунявии кишварро зери суол мебарад.
Моддаи 5 конситутсия мегӯяд: Ҳаёт, номус, ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ин дар ҳолест, ки ба ҳайёт ва номуси модарону хоҳарон ҳар рӯз дахолат мешавад.
Моддаи 17 банди 3 Сарқонун баробарии зану мардонро кафолат медиҳад, аммо занҳо наметавонанд мисли мардҳо ба масҷид бираванд ё фаризаи динни худ – пӯшидани ҳиҷобро дар ҷойҳои ҷамиятӣ муасисаҳои таълими, варзишгоҳҳо ва ғайра анҷом бидиҳанд.
Моддаи 18: Дахлнопазири шахсро давлат кафолат медиҳад.
Боздошту соатҳо нигоҳ доштани хоҳарону модарони сатрпӯшу бо ҳиҷоб ин дахолати ошкоро ба ҳаёти онҳост.
Моддаӣ 22: Манзили шахс далнопазир аст.
Имрӯз гурӯҳҳои корӣ бо баҳонаи “мубориза бо фарҳанги бегона ” бидуни
огоҳӣ ба манзили шаҳрвандон зада даромада, онҳоро барои пӯшишҳои диниву имонияшон тарс медиҳанд ва таҳдид мекунанд.
Моддаи 2 Сарқонунуни Тоҷикистон иҷоза додааст, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад ҳар динеро интихоб кунад ва тибқи он амал намояд.
Оё занҳо дар Тоҷикистон, ки барои худашон Исломро дин пазируфтаанд ҳақ надоранд пӯшишашон тибқи дастуроти динашон бошад?
Моддаи 30 бошад ба ҳар кас озодии суханро кафолат додааст.
Аммо вақте хоҳари мусалмон аз вазъияти басарашомада ба ВАО ё ҷои дигар шикоят кунад, ба ӯ таҳдид мекунанд ва хоину терраристаш медонанд.
Моддаи 34 бошад эълон медорад, ки модару кӯдак таҳти ҳимояи давлатанд.
Хоҳари муҳаҷҷаба, ки ҳамзамон модари чанд тифли хурдсол аст мехоҳад ба беморхона равад, аммо танҳо ба хотири пӯшиши исломияш ин модарро азият мешаванд.
Моддаи 40 мегӯяд ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаети фарҳангии ҷомеа, илмӣ техникӣ озодона иштирок намояд, аммо хоҳарони ҳиҷобпушу руймолбасар ин ҳуқуқро надоранд.
Модддаи 41 ҳуқуқ ба таҳсилро кафолат медиҳад, аммо духтарони бо ҳиҷоб ин ҳуқуқро надорад.
Моддаи 46 мегӯяд ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, давлат онро ҳимоя мекунад. Аммо мисли хоҳар Нилуфар Раҷабова ҳамарӯза ба ҳуқуқу озодиҳои садҳо хоҳари сатрпӯш таҳдиди воқеъӣ сурат мегирад ва ҷои ҳимоя давлат онҳоро гунаҳкор мекунад.
Ин равандро як раванди нангин, хушунатзо бераҳми ва ғайри ахлоқӣ медонем. Ва аз созмонҳои ҷаҳониву минтақаи мехоҳем то ба ин қазия дахолат кунанд.
Дар баробари ин ҳама кафолатҳои қонун, ҳиҷоб як фаризаи илоҳӣ буда, ҷомеаи мусалмони тоҷикро бархӯрди ҳукумат ва мақомот ба ин фаризаи илоҳӣ шадидан нигарон кардааст.
Агар имруз ин хоҳарону модарон аз ҳимоя ва ҳифозати қонун ба вижа Сарқонуни кишвар бархурдор нагарданд он пайёмадҳои нохуш ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам ба минтақа дошта метавонад. Зеро ҳазорҳо ҷавонмард вақте мебинанд, ки роҳҳои қонунӣ ва бархӯрди мусолиҳатомез бо мухолифони ҳиҷоб дар ин ҷанги эълоннашуда созгор нест, онҳо абзорҳо ва шеваву роҳҳои дигарро барои ҳимоят аз номуси худ, яъне хоҳарону модаронашон пайдо хоҳанд кард.
Раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон,
Бобоев Абдусаттор