Шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили Фейсбук, Ютуб, Одноклассники, ВКонтакте ва бархе аз сойтҳои расонаҳои хабарӣ аз бегоҳи дирӯз дар Тоҷикистон масдуд шудаанд. Баъди масдуд шудани шабакаҳо таваҷҷӯҳи мардум ба ахбори Бадахшон бо шиддат боло рафт.
Сабаби қулф задан ба дарҳои шабакаҳои иҷтимоиро мақомот шарҳ намедиҳанд, аммо он дарҳол баъди тазоҳурот дар Хоруғ воқеъ шуд.
Чанд соат дастрасӣ ба паёмакрасонҳо ҳам масдуд шуда буд ва имкони алоқа тавассути онҳо вуҷуд надошт. Ҳоло паёмакрасонҳо фаъол шудаанд, аммо дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе аз сайтҳо то ҳол имкон надорад. Сокинони Тоҷикистон барои ворид шудан ба онҳо аз қулфшиканҳо (VPN) истифода мекунанд.
Ба назар мерасад мақомот мехоҳад бо бастани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сайтҳо аз расиани маълумот ба сокинони кишвар пешгирӣ кунад, аммо ин амалкардаш саводи истифодаи технологияи рақамии мардумро боло мебарад. Дирӯз баробари масдуд шудани Фейсбуку Одноклассники дар ин шабакаҳо садҳо навишта пайдо шуданд, ки ин шабакаҳо баста шудаанд. Аксари муаллифон аз дохили Тоҷикистон менавиштанд ва маълум буд, ки тавассути қулфшиканҳо ворид шудаанд.
Таваҷҷӯҳи мардум ба ҳаводиси Бадахшон ҳам, баъди ин ки иттилоъ пахш гардид шабакаҳои иҷтимоӣ ба он хотир баста шудаанд, бештар шуд. Хабари Паём дар бораи тазоҳурот дар Бадахшонро дар дувуним соат баъди баста шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ҳудуди 3000 нафар хонданд, дар ҳоле, ки то баста шудани он дар ҳамин муддат 1400 нафар ба он таваҷҷӯҳ карда буданд.
Гуфтанист, нисфирӯзии 06.11 садҳо нафар сокинони шаҳри Хоруғ бо талаби ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони тирандозӣ дар ин шаҳр ва бардоштани посгоҳҳои ВКД аз дохили он назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ омаданд. Мардуми маҳаллӣ гунаҳкори тирпарронӣ Хуршед Муҳаммадзода, сардори ОМОН-ро медонад, аммо мақомот Хурсанд Мазоров, яке аз раҳбарони ҷавонони Бадахшонро муқассир медонанд.
Ҳукумати вилоят баробари оғози тазоҳурот ҷаласаи изтирорӣ барпо намуд ва иҷрокунанди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба назди тазоҳуркунандагон ҳозир шуд.
Ӯ ба мардум пешниҳод кард якҷоя ба мақомоти тафтишотӣ бираванд ва аз онҳо суол кунанд, ки гунаҳкори тирпарронӣ чӣ касест, вале мардум посух дод бигзор онҳо назди мо омада посух гӯянд.
Баъди ваъдаи мақомот мабнӣ бар таъсиси як комиссиюни бетараф барои таҳқиқи ҳодиса мардум пароканда шуд, вале дарҳол шабакаҳои иҷтимоӣ масдуд шуданд.