Рубрики Хабарҳо

Марги ду сарбоз ва ҳудуди 20 маҳбус дар исёни мусаллаҳона дар зиндони Хуҷанд

Исёни мусаллаҳона дар зиндони №3-и шаҳри Хуҷанд, ки шаби 7 ноябр оғоз гардид бо кушта шудани ду зиндонбон ва ҳудуи 20 маҳбус ба итмом расидааст. Чандин нафари дигар дар ин исён  захм бардоштаанд.

Сомонаи «Ахбор” бо истинод ба манобеъаш хабар медиҳад, ки шумори ошӯбгарон тахминан аз 22 то 30 нафар будааст. Онҳо асосан маҳбусоне будаанд, ки бо ҷурми пайравӣ ба ДОИШ ва Ҳизб-ут-Таҳрир маҳкум шудаанд. 

Дар ҳамин ҳол хабаргузории Спутник аз 10 кушта хабар медиҳад.

Аммо  РИА Новости дар истинод ба манбаи худ аз кушта шудани 5 корманди пулис хабар медиҳад. Ин хабаргузорӣ навиштааст яке аз маҳбусон ки ба ҷурми узвият ба гурӯҳи ДОИШ зиндон шуда будааст, силоҳи яке аз посбонони зиндонро кашида гирифта, ба тарафи дигар кормандони милиса оташ кушодааст. Зиндониён як корпуси зиндонро тасарруф кардаанд.

Нерӯҳои амниятӣ ба ҷойи ҳодиса расида, ошӯбро пахш карданд.

Як манбаъ аз Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтааст, «дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи махсуси тафтишотӣ кор мекунад ва сабабҳои ошӯб муайян карда мешавад».

Наздикони маҳбусоне, ки дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд қарор доранд аз хабари ошӯб дар зиндон нигарон шудаанд. Ҳувияти кушташудагон маълум нест. Камубеш аз 13 зиндонӣ қурбони ин ҳодиса гаштаанд, менависад ин расона.

Ҳоло исён дар зиндони низомаш сангини рақами 3, воқеъ дар наздикии БДА дар маҳзаллаи 16-уми шаҳри Хуҷанд пахш карда шуда, мақомот назоратро дар ин муассисаи ислоҳӣ аз нав ба даст овардаанд.

Рақамҳо дар бораи шумори кушташудашо аз ҷониби маҳбусони ошӯбгар мухталиф аст. Як манбаи «Ахбор” ҷамъи маҳбусони ошӯбгарро беш аз 100 нафар баршумурд ва гуфт, дар ҷараёни саркӯби ошӯб 19 маҳбус низ кушта шудаанд. Як манбаи дигар гуфт, 22 маҳбуси ошӯбгар кушта шудаанд. Мақомот хабарҳо дар бораи исён дар зиндон ва ҳалокати беш аз 20 нафарро то ин лаҳза ҳанӯз расман шарҳ надодаанд.

Сабаби ошӯб ҳанӯз рӯшан нест. Мақомот ба таҳқиқи ин қазияи пурсарусадо шурӯъ кардаанд.

Дар зиндони рақами 3 асосан маҳбусоне нигоҳ дошта мешаванд, ки бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин ва терроризму ифротгароӣ маҳкум шудаанд. Ин маҳбас бо низоми фавқулодда шадидаш маъруф аст.

Тибқи иттилоъи ин расона, маҳбусони ошӯбгар асосан онҳое будаанд, ки бо ҷурми узвият дар созмони террористии ДОИШ «(Давлати исломӣ”) ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Таҳрир (Ҳизб-ут-Таҳрир) зиндонӣ шудаанд. Онҳо шаби 7 ноябр ба зиндонбонҳо ҳамла карда, чанд силоҳи оташфишон ба даст овардаанд ва зиндонро тасарруф кардаанд. Дар ҷараёни задухӯрдҳо, ба гуфтаи манбаи «Ахбор”, мутассифона, чанд нафар куштаву захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони «Ахбор”, нирӯҳои амниятӣ дар пайи тасарруфи маҳбас аз ҷониби маҳбусони ошӯбгар атрофи ин зиндонро ба муҳосира гирифта, нирӯи барқро дар дохилаш хомӯш кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *