Нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон давоми моҳи ноябр 0,9% ва маҳсулоти ғайриозуқа — 0,3% боло рафта, хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, баръакс — 0,1% поин рафтанд. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
То ин дам арзиши маҳсулот дар зарфи 3 моҳ поин рафта буд. Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта сатҳи таваррум 3,5 банди фоизӣ — аз 7,5% то 4,0% поин рафт.
Аз ҷумла аз оғози соли ҷорӣ маҳуслоти ғизоӣ 5%, маҳсулоти ғайриозуқа — 3,3% ва хидматрасонии пулакӣ — 2,5% гарон шуданд.
Дар бозори маҳсулоти озуқа тухм – 45,4%, сабзавот – 20,5%, шир – 14,0%, орди гандуми нави 1-ум – 8,6%, маснуоти нонӣ ва ярма 7,3%, шакару маҳсулоти қаннодӣ 6,3% гарон шуданд.
Нархи маҳсулоти ғайриозуқа бештар боло рафта, маводи шустушӯ – 20,3%, сӯзишвории дизелӣ 16,2%, матоъ барои сарулибос 4,9%, масолеҳи сохтмон 3,9% гарон шуданд.
Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо (тарифҳо) дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.