ОДОБИ НЕКӢ БА ПАДАРУ МОДАР
بسم الله الرحمن الرحيم
«وَوَصَّيْنَا الْإِنسَانَ بِوَالِدَيْهِ حُسْناً وَإِن جَاهَدَاكَ لِتُشْرِكَ بِي مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَا إِلَيَّ مَرْجِعُكُمْ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ» (العنكبوت:8)
Тарҷума: «Мо ба инсон тавсия кардем, ки ба падару модараш некӣ кунад ва агар он ду мушрик бошанд ва талош кунанд, ки барои Ман ҳамтое қоил шавӣ, ки ба он илм надорӣ, аз онҳо пайравӣ макун. Бозгашти шумо ба сӯи Ман аст ва шуморо аз он чӣ анҷом медодед, бохабар хоҳам сохт». Анкабут-8.
Тафсир; «Мо ба инсон тавсия кардем, ки ба падару модараш некӣ кунад»-яъне, ба онҳо рафтори некӯе, ки меписанданд ва дилҳо ва хотирҳояшон ба он хӯш мешавад, дар пеш гирад. Ва ин муяссар нест, ҷуз бо некӣ кардан ба онҳо ва риояти авотифи онҳо, зеро падар ва модар сабаби вуҷӯди инсонанд ва ниҳоят некиро ба фарзандонашон кардаанд, пас шоистаи чунин рафторе ҳастанд.
«Васият-супориш» дар ояти карима ба маънои амр аст, яъне ба инсон амр кардем, ки нисбат ба падар ва модараш некӣ кунад.
«ва агар он ду мушрик бошанд ва талош кунанд, ки барои Ман ҳамтое қоил шавӣ, ки ба он илм надорӣ, аз онҳо пайравӣ макун. Бозгашти шумо ба сӯи Ман аст ва шуморо аз он чӣ анҷом медодед, бохабар хоҳам сохт»-яъне, агар падар ва модарат аз ту хостанд, ки бо ман маъбуднро шарик гардонӣ, ки ба Худо будани он илме надорӣ, пас аз ин хостаи онон итоъат накун, зеро ҳеҷ тоъате аз махлуқ дар нофармонии Холиқ пазируфта нест. Фармон додани онҳо ба дигар маъсиятҳо ва нофармониҳои Худои пок низ ба дархости ширк аз сӯйи он мулҳақ мешавад. Бинобар ин набояд падар ва модар дар маъсияти Худои пок мавриди ҳеҷ итоъате қарор бигиранд. Ва агар падар ва модар туро ба ончи, ки ҳаром аст фармон медиҳанд, аз онҳо фармон набар, балки фақат аз Худои таъоло фармон бибар, аммо ин фармон додани онҳо ба маъсият набояд туро аз некрафторӣ ба онҳо боз дорад. Чуноне, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин тавсия карданд.
«Бозгашти шумо ба сӯйи ман аст, онгоҳ ҳақиқати ончи кардед огоҳатон месозам»-Яъне, шуморо аз аъмоли шоиста ва ношоистаатон огоҳ мекунам ва ҳар якро ба ончи, ки сазовори он аст, ҷазо медиҳам.
Ибни Касир (раҳимаҳуллоҳ) дар баёни сабаби нузули ояти карима аз Саъд ибни Абиваққос (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки фармуд; «Модарам ба ман гуфт; магар на ин аст, ки Худо туро ба некӣ бо волидайн фармон додааст? Ба Худо савганд, ки на ғизое мехӯрам ва на нӯшобае менӯшам, то бимирам ё кофир шавӣ! Сипас як шабонарӯз ҳеҷ чизе нахӯрд ва наошомид ва на аз офтоб ба соя рафт, онгоҳ дар шаб ва рӯзи баъди низ чунин кард, то ба ҷое расид, ки аз ҳӯш рафт. Дар ин вақт Саъд (разияллоҳу анҳу) ба назди вай омад ва гуфт; Модарҷон! Агар ту сад ҷон дошта бошӣ ва он ҷонҳо якояк аз танат берун раванд, ман касе нестам, ки динамро тарк кунам, ҳозир агар мехоҳӣ чизе бихӯр ва агар мехоҳӣ нахӯр, пас чун модар дид, ки Саъд (разияллоҳу анҳу) аз дин даст намекашад, ғизоро хӯрд ва нӯшиданро сар кард». Саъд (разияллоҳу анҳу) мегӯяд; «Ин оят дар бораи ман нозил шуд».
Ҳуқуқи Падару Модар бар фарзанд:
- Итоъати онҳо.
- Ба амрҳои онҳо лаббайк гуфтан.
- Хоксорӣ дар назди онҳо.
- Муомилаи хуб ба онҳо.
- Дар назди онҳо бо овози паст сухан кардан.
- Дар калом бо калимаҳои зебо сухан кардан.
- Беҳтарин эҳсонро ба онҳо дареғ надоштан.
- Онҳо, ки дар марҳилаи пиронсолӣ ҳастанд, ба онҳо дилтангии худро изҳор накардан.
- Тамоми талаботи онҳоро, агарчи бисёр ё такрор бошад ҳам, иҷро бикун.
Фоидаҳои некӣ ба Волидайн:
- Некӣ ба волидайн сабаби дохил шудан ба ҷаннат аст.
- Некӣ ба волидайн сабаби умрдарозӣ аст.
- Некӣ ба волидайн дӯстдоштатарин амал дар назди Парвардигор аст.
- Некӣ ба волидайн сабаби иҷобати дуост.
- Некӣ ба волидайн сабаби ризоияти Парвардигор аст.
- Некӣ ба волидайн сабаби кушода шудани дари ғаму андӯҳ аст.
- Дуои волидайн дар ҳаққи фарзандон иҷобат аст.
- Сӯҳбати онҳо, некӣ ба онҳо агарчи кофир бошанд, ин амри Парвардигор аст.
Хатарнок будани Ширк:
- Аллоҳ таъоло соҳиби ширкро мағфират накунад.
- Шахси мушрик дохили ҷаннат нагардад.
- Шахси мушрик дохили ҷаҳаннам гардад.
- Ширк ҷамъи амалҳои некро нест мегардонад.
- Ибодат ғайри Аллоҳ таъоло ширк аст.
- Қасам ба ғайри Аллоҳ таъоло ширки асғар аст.
Некии Паёмбарон (алайҳимус салом) ба Волидайни худ:
1.Иброҳим (алайҳис салом) падари Паёмбарон, имоми ҳунафо, ки бо падари кофирашон меҳрубонона хитоб мекард; Аллоҳ таъоло мефармояд;»Ҳангоме, ки ба падараш гуфт: «Эй падар! Чаро чизеро мепарастӣ, ки на мешунавад ва на мебинад ва на ҳеҷ мушкилеро аз ту ҳал мекунад»?! Марям-42.
Иброҳим (алайҳис салом) мардумро ба ибодати Худои якто даъват мекард, ва падараш ӯро зад ва ронд, лекин мегӯфт: «Салом бар ту! Ман ба зудӣ аз Парвардигорам бароят дархости афв мекунам, зеро Ў ҳамвора нисбат ба ман меҳрубон будааст». Марям-47.
- Аллоҳ таъоло аз Яҳё ибни Закариё (алайҳис салом) чунин хабар медиҳад; » Ў нисбат ба падару модараш некӯкор буд ва ҷаббор ва мутакаббир ва исёнгар набуд». Марям-14.
- Нӯҳ (алайҳис салом) дуо мекард: «Парвардигоро! Маро ва падару модарам ва тамоми касонеро, ки бо имон дохили хонаи ман шуданд ва ҷамиъи мардону занони боимонро биёмурз ва золимонро ҷуз ҳалокат маяфзо»!. Нӯҳ-28.
Одоби некӣ бо Волидайн дар Қуръони карим:
1.»Ва Худоро бипарастед. Ва ҳеҷ чизро ҳамтои Ў қарор надиҳед ва ба падару модар некӣ кунед, ҳамчунин ба хешовандону ятимону мискинон ва ҳамсояи наздику ҳамсояи дур ва дӯсту ҳамнишин ва вомондагони дар сафар ва бардагоне, ки молики он ҳастед, зеро Худованд касеро, ки мутакаббиру фахр фурӯш аст, дӯст намедорад».
- «Ва Парвардигорат фармон дода: ҷуз Ўро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду, ҳар дуи онҳо, назди ту ба синни пирӣ расанд, камтарин бе ҳурматӣ ба онҳо раво мадор ва бар онҳо фарёд мазан ва гуфтори латифу санҷида ва бузургворона ба онҳо бигӯ. Ва болҳои тавозӯи худро аз муҳаббату лутф, дар баробари онон фуруд ор. Ва бигӯ: «Парвардигоро! Ҳамон гуна, ки онҳо маро дар хурдӣ тарбият карданд, машмули раҳматашон қарор деҳ». Парвардигори шумо аз даруни дилҳои шумо огоҳтар аст, ҳар гоҳ солеҳ бошед ва ҷуброн кунед, Ў бозгашткунандагонро мебахшад». Нисо-23.25.
- «Мо ба инсон тавсия кардем, ки ба падару модараш некӣ кунад ва агар он ду мушрик бошанд ва талош кунанд, ки барои Ман ҳамтое қоил шавӣ, ки ба он илм надорӣ, аз онҳо пайравӣ макун. Бозгашти шумо ба сӯи Ман аст ва шуморо аз он чӣ анҷом медодед, бохабар хоҳам сохт». Анкабут-8.
Ҳадисҳо дар бораи некӣ ба Волидайн:
1.Дӯстдоштатарин амал дар назди Парвардигор, хондани намоз, пас некӣ ба падару модар аст». (Бо ривояти имом Бухорӣ аз Абдуллоҳ ибини Масъуд (р)).
2.»Ҳақдортарин мардум ба сӯҳбати ту ин модарат, пас модарат, пас модарат, пас падарат». (Бо ривояти имом Бухорӣ аз Абиҳурайра (р)).
3.Ба назди падару модарат бозгард ва ба онҳо некӣ бикун!». (Бо ривояти имом Муслим аз Абдуллоҳ ибни Амр (р)).
4.»Розигии Парвардигор дар розигии падар аст, ғазаби Парвардигор дар ғазаби падар аст». (Бо ривояти имом Тирмизӣ аз Абдуллоҳ ибни Амр (р)).
5.»Эй Расули Худо кабоир чист? Фармуданд; Ширк ба Аллоҳ, пас оқи падару модар». (Бо ривояти имом Бухорӣ аз Абдуллоҳ ибни Амр (р)).
6.»Дуои се нафар иҷобат аст; Дуои падару модар, дуои мусофир, дуои мазлум». (Бо ривояти Абудовуд аз Абиҳурайра (р)).
Фоидаҳо:
1.Дар корҳои савоб некӣ ба волидайн воҷиб аст.
2.Дар корҳои ширк ва маъсият некӣ ба волидайн ҷоиз нест.
3.Тавсияи Аллоҳ таъоло аст, ки инсон бояд ба падару модараш некӣ кунад.
- Аллоҳ таъоло Холиқи ҳақиқӣ ва волидайн сабаби ба вуҷӯд овардани фарзандон ҳастанд.
5.Куфри волидайн сабаби даст кашидани фарзанд аз онҳо нест.
6.Шахсе, ки ба волидайни худ амали хайре накард, аз он инсон хайре нест.
7.Дӯстдоштатарин амал дар назди Парвардигор, некӣ ба падару модар аст.
8.»Аллоҳро ибодат кунед ба Ӯ чизеро шарик наоред, ба падару модар некӣ кунед». Нисо-36.
9.Воҷибияти некӣ ба волидайн аз гардани фарзанд ҳеҷгоҳ соқит нагардад.
10.Некӣ ба волидайн сабаби қабули амал аст.
11.Некӣ ба волидайн зарурат ба сабр дорад.
- Некӣ ба падару модар фарзи айн аст.
Аллоҳ таъоло доност, дуруду саломи Худованди ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва олу асҳобашон. Аз дуои неки худ моро фаромӯш накунед.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Мухтори Закариё