Таъодули манфии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Тибқи иттилоъи оҷонсии омори кишвар, таъодули манфии тиҷорати хориҷӣ 1 млрд 684,5 млн долларро ташкил додааст.
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 8,2% рушд кардааст, вале ин рушд куллан ба воридот вобаста аст. Дар даҳ моҳи соли 2018 тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 3 млрд 491 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 дарсад бештар аст.
Вале болоравии нишондиҳанда аз ҳисоби бештар шудани ҳаҷми воридот аст, ки дар ин давра 2 миллиарду 588 миллион долларро ташкил додааст. Воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузошта 16,8% бештар шудааст. Ба ин раванд боло рафатни ҳаҷми воридоти маҳсулоти нассоҷӣ (55,4%), минералӣ (15,5%), сангҳои ғайриқиматнок (5,4%) ва маҳсулоти саноати кимиёвӣ (5,7%) таъсир расонидааст.
Дар ҳамин ҳол содироти Тоҷикистон дар ҳоли коҳиш аст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта содирот 9,8% камтар шуда, ҳамагӣ 903,5 миллионро ташкил додааст, ки дар натиҷа таносуби содироту воридот наздик ба се баробар ба нафъъи воридот будааст.
Ба коҳиши содирот камшавии фурӯши 99,3 дарсадии сангҳои қиматбаҳо, 45,7 дарсадии васоити нақлиёт ва 58,6 дарсадии мошинолот мусоидат кардааст.
Дар посух ба суоли Паём мабнӣ бар ин ки бо фарқи себаробарии воридоту содирот чӣ гуна тавозуни пул дар Тоҷикистон риоя мешавад, Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ гуфт:
Асалан содироти Тоҷикистон бештар аз воридоташ ҳаст. Дар ин ҳисобот маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон — қувваи корӣ ба назар гирифта намешавад. Тоҷикистон солона ба маблағи аз 3-4 миллиард доллар қувваи корӣ содир мекунад, ки тавозуни асъор дар кишварро танзим ва аз таварруми бошиддат пешгирӣ мекунад