Рубрики Хабарҳо

НАТО аз Украина ҳимоят кард

Йенс Столтенберг, дабири кулли Созмони паймони Атлантики шимолӣ баъд аз баргузории нишасти фавқулъодаи комиссиюни НАТО-Украина дар Брюссел эълом кард: НАТО бо тамоми аъзояш аз тамомияти арзӣ ва ҳаққи ҳокимияти Украина ҳимоят мекунад.

Вай афзуд: аз Русия мехоҳем низомиён ва киштиҳои украинииро ҳар чӣ зудтар озод кунад.

Гуфтанист, киштиҳои ҷангии Русия субҳи дирӯз ба рӯйи киштиҳои украинӣ дар тангаи Керч дар дарёи Азов оташ кушоданд. Сергей Лавров, вазир хориҷаи Русия дирӯз дар мусоҳиба бо хабарнигорон эълом кард, ки ҳаводиси рӯйдода дастури таҳрикомез аз тарафи мақомоти олирутба Киев будааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин иқдомоти таҳрикомези Украина бо умеди дарёфти бархе имтиёзҳо аз Иёлоти муттаҳида ва Аврупо сурат гирифтааст.

Дар ҳамин робита Петро Порошенко, раисҷумҳури Украина низ бо муттаҳам кардани Русия ба ҳамла ба киштиҳои ин кишвар эълом кард: мутаассифона Русия хати қирмизро намедонад. Киштиҳои мо дар масири оддии худ, мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Коргузори сиёсии Русия дар Украина низ ба далели рӯйдодҳои танга Керч ба вазорати дохилаи Украина эҳзор шудааст.

Шоми дирӯз парлумони Украин аз эълони вазъи низомӣ дар кишвар барои 30 рӯз ҳимоят кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *