Мақомоти амниятии Тоҷикистон дирӯз 12 ноябр гуфтанд 12 узви ДОИШ-ро дастгир карданд, ки мехостанд пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанберо тарконанд. Имрӯз бошад ҳамин ниҳод эълон кард касеро дастгир накардааст ва аз ҳадафи таркондани пойгоҳи ҳарбӣ ҳам иттилоъе надорад.
Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъи мӯътамадаш хабар дод, ки дар воқеъ тафтишот дар ин замина идома дорад ва саркардаи гуруҳ Суҳроб ном ҷавоне аз ноҳияи Ваҳдат будааст. Насаби ин ҷавон ҳануз ба Радиои Озодӣ маълум нест.”
Ин манбаъ гуфтааст Суҳроб аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва сипас ба Эрону Туркия аз онҷо ба Сурия рафта ва “дар амалиётҳои ҷангии онҷо ширкат кардааст.”
“Озодӣ” аз аксҳое ҳам хабар дод, ки ба дасташ расидааст ва дар он “дида мешавад, чӣ гуна маъмурони амниятии ниқобпӯши мусаллаҳ дар назди як нафаре истодаанд” “Бозпурсии саркардаи гуруҳ рузи 8-уми ноябр дар назди яке аз воҳидҳои пойгоҳи 201-уми Русия дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст” — менависад ин хабаргузорӣ.
Радиои Озодӣ аз ду шоҳиди бозпурсии Суҳроб нақли қавл мекунад, ки яке гуфта Суҳроб зимни посух ба суолҳои муфаттишон дар назди дарвозаи пойгоҳи 201-ум дар маҳаллаи Гипрозем мегуфт, ки ҳадафашон тарконидани пойгоҳи низомии Русия буд. Шоҳиди дигар, ки аз ӯ Зумрад Сафарова ном бурда мешавад, гуфтааст “дар вақти пурсиш аз ҳамаи хонаҳои истиқоматии назди пойгоҳи Русия истиқоматкунанадагон ҷамъ шуданд ва ҳарфу ишораҳои ин мардро тамошо мекарданд”.
Яъне шоҳидони зиёде бозпурсии Суҳробро мушоҳида кардаанд.
Аммо имрӯз хабаргузории “Азия Плюс” посухи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро нашр кард, ки дар он тамоми ин хабарҳо такзиб карда мешавад.
“Мо расман маълумотеро, ки гӯё як гурӯҳи исломгароён, ки мехостанд дар пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия амалиёти террористӣ анҷом диҳанд дастгир шудаанд, рад мекунем. Ин маълумоти нодуруст аст. Мо касеро дастгир накардаем ва ба ин гуна амалиёти террористӣ омодагирие сурат нагирифтааст” — гуфтааст раҳбари хадамоти матбуотии КДАМ Дилшод Абдуалимов ба АП.
Имкони ин ки “Озодӣ” хабари бидуни истинодро пахш карда бошад, хеле кам аст. Чун ин хабаргузорӣ ба аз манбаъаш дар мақомоти амниятӣ истинод кардааст ва аз шоҳидони зиёде низ нақли қавл намудааст. Ҳамчунин аз вуҷуди аксҳое аз бозпурсии муттаҳам хабар медиҳад.
Пас чаро КДАМ маълумоти пахшкардаи худашро такзиб кард?
Мавҷуда Соҳибназарова, коршинос:
Бо гумони ғолиб, бо пахши ин хабар, КДАМ мехост афкори ҷомеъаро аз қатли ом дар зиндони Хуҷанд ба ҳошия барад. Қатли 53 нафар ва захмӣ кардани 186 нафар дар ҷараёни “пахши ошӯб” ҳодисаест, ки дар таърихи навини ҷаҳон собиқа надорад. Рӯзи шашум аст, ки ин хабар аз сархати расонаҳои ҷаҳон дур намеравад. Дар остонаи ба кор даровардани нерӯгоҳи Роғун, ки аз он мехоҳанд дар “қаҳрамонтар” нишон додани Эмомалӣ Раҳмон истифода кунанд, чунин хабар ба нафъи мақомот нест.
Аз тарафи дигар тирборони наздик ба 250 нафар тибқи иттилоъи манобеъи гуногун аз тарафи гурӯҳи Алфа сурат гирифтааст, ки мутааллиқ ба КДАМ аст. Ҳарчӣ расонаҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ аз ин мавзӯъ бештар сухан кунанд, ҳар чӣ қадар мавзӯъ доғтар гардад, ҳамон қадар алайҳи раҳбарияти кумита бештар кор мекунад. Ӯ манфиатдор аст мавзӯъ ҳарчӣ зудтар фаромӯш шавад.
Доғтар аз хабари куштори зиндон метавонад таҳдиди ДОИШ бошад. Он ҳам агар таҳдид ба пойгоҳи кишваре чун Русия сурат гирад. Бинобар ин қарор доданд ин “гурӯҳи 12-нафараи доишӣ”-ро дастгир кунанд. Аммо чанд соат пас аз расонаӣ крадани ин хабар, тасмим гирифта шуд он такзиб шавад. Чаро?
Барои посух ба ин суол бояд ба ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон дар Данғара бояд баргашт. Онҷо ҳам мақомот саросемавор ҲНИТ-ро гунаҳкор карданд. Аммо дертар маълумашон шуд, пояшон чӯбист. На танҳо касе ба ин ҳарфҳояшон бовар накард, балки тамоми “далелҳо”-и овардаашон алайҳи худашон кор кард. Ҳоло чанд кишвар вориди тафтишот шудаанд ва имкон дорад оқибати вазнине барои мақомоти Тоҷикистон биёварад.
Дар ин ҳодисаи “омодагии ҳамла ба пойгоҳи Русия” ҳам шояд худи Русия хостааст вориди тафтишот шавад. Ва ё ин афсона ба нафъи Русия нест. Ё муфаттишон FBI, ки алъон дар Тоҷикистон қарор доранд, хостори ҷузъиёти ин “омодагӣ” шудаанд. Ҳарчӣ ҳаст, мақомоти амниятӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки “боздошти доишиён назди пойгоҳи русӣ” ба нафъашон нест.