Нархи орди воридотӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст. Охири ҳафтаи гузашта нархи як халта орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон 10 сомонӣ гаронтар шуд.
Аввали ҳафтаи гузашта ин навъи орд дар бозорҳои кишвар 175 сомонӣ фурӯхта мешуд, вале ҳоло ба 185 сомонӣ (19,6 доллар бо қурби Бонки миллӣ) расидааст. Қимати орди навъи дуввум 165 сомонӣ аст.
Дар аввали сол қимати орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон 160-165 сомонӣ буд. Сабаби болоравии нархро на воридкунандаҳо ва на ҳукумат, ки барномаи танзими нархҳои маводи хӯрокаи зарурияти аввалиро қабул кардааст, ҳанӯз шарҳ надодаанд.
Қаблан мақомоти Қазоқистон гуфта буданд, ки имкон дорад ин кишвар содироти гандумро қатъ карда, танҳо орд содирот намояд. Он замон аз боло рафтани талаботи Чин ба орди ин кишвар ёдоварӣ шуда буд. Имкон дорад болоравии нархи орди Қазоқистон ба ҳамин омил вобаста бошад.
Тобистони имсол ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт нархи як қабил маҳсулот, аз ҷумла маводи хӯроквории зарурияти аввалиро назорат ва танзим намояд. Ба рӯйхати маҳсулоти хӯрокворие, ки нархашро давлат танзим мекунад, орди навъи 1 ва 2, ноне, км аз ин ду навъ орд истеҳсол мешавад, макарон, гандум, биринҷ, кардошка, сабзӣ, пиёз, карам, шакар, равғанҳои пахта, офтобпараст ва маска, маҳсулоти ширӣ, гӯшт, тухм, намак, чой ва хӯроки кӯдакон шомиланд.
Чанд рӯз қабл мақомоти Кумитаи андоз эълон кард, ки минбаъд андоз аз арзиши иловашуда барои ширкатҳои таълимӣ, сохтмон ва хӯроки умумӣ ки қаблан 5 дарсадро ташкил медод то 18 дарсад боло бурда мешавад.
Боло рафтани нархи орд ва андоз барои ширкатҳои хӯроки умумӣ, тибқи ҳисоби коршиносон метавонад нархи хӯрок дар муассисаҳои хӯроки умумӣ то 25 дарсад боло барад.