Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон воксини русиро хариданист, Қазоқистон шитоб намекунад

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон тасмим доранд яке аз аввалинҳо шуда  воксини русии зиддикоруноиро харидорӣ кунанд. Қарор аст рӯзҳои наздик дархости харидории воксин ба Русия ирсол шавад.

Дар ин бора хабаргузории Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш дар Хадамоти эпидимиологию санитарии кишвар хабар медиҳад.

“Умедворем бо кӯмаки ҳукумат ва ҳамкорони рушд воксини зиддикоруноии тавлидшуда дар Русияро ба даст орем. Барои ин лозима ст, ки Вазорати тандурустӣ гурӯҳи корие ташкил диҳад ва нафаронеро, ки бештар гирифторӣ доранду ба воксин ниёзи бештар доранд, муайян кунад” — гуфтааст манбаъ.    

Дар ҳамин ҳол сухангӯи вазорати тандурустии Қазоқистон Бағдод Хоҷаҳмадов гуфтааст, кишвараш то давраи санҷиши ниҳоии ваксинаҳои зидди коронавирус ба поён нарасад, онҳоро харидорӣ нахоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, ин суханҳо ба ваксинаи русӣ низ дахл хоҳад дошт, ки 11 август президенти Русия Владимир Путин аз сабти он хабар дода буд.

«Дар ҳоли ҳозир Қазоқистон барои харидории ваксинаи зидди коронавирус ҳечгуна қарордодеро имзо накардааст. Зеро давраи ниҳоии коркарди онҳо ба поён нарасидааст», — иқтибос овардаанд расонаҳо аз суханҳои Хоҷаҳмадов.

Ваксинаи русӣ, ки «Спутник V» номгузорӣ шудааст, ҳанӯз дар марҳалаи санҷишӣ қарор дорад. Марҳалаи севуми санҷиш баъд аз сабти ном сурат мегирад. Дар ҳукумати Русия гуфтанд, ки ваксинаро нахуст табибон дарёфт мекунанд.

Президенти Русия хабар дод, ки дар кишвараш нахустин ваксинаи зидди вабои коронавирус сабт шудааст. Вай афзуд, яке аз духтаронаш то ин замон ваксина гирифтааст.

Путин дар ин бора дар ҷаласаи ҳукумати кишвараш рӯзи 11-уми август хабар дод. Ба гуфтаи вай, ваксина дар ҷараёни санҷиш коромадии худро нишон дода ва қодир аст, ки масунияти устувореро зидди коронавирус шакл диҳад.

Айни ҳол дар саросари дунё бештар аз 100 навъи ваксинаи эҳтимолӣ зидди коронавирус дар ҳоли коркард аст ва ҳадди ақал се навъи он дар марҳилаи ниҳоии коркард қарор дорад. Ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, пажуҳишҳо барои тасдиқи ваксинаи зидди коронавирус чанд моҳ давом хоҳанд кард.

Русия нахустин кишварест, ки ваксинаи зидди коронавирусро сабт мекунад, аммо олимон ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Русия ба ин дастовард бо шубҳа менигаранд. Ҳафтаи гузашта Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз Русия даъват кард, ки қоидаҳо ва дастурамали созмонро риоя кунад ва аз ҳамаи марҳилаҳои барои сабти воксин зарурӣ, бигзарад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *