Тоҷикистон ҳамроҳ бо 25 кишвари дигар алайҳи лоиҳаи қатъномаи нави Созмони милал ба унвони “Вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Мухтори Қрим ва ш. Сеастопол (Украина)” овоз дод.
Ин қатънома дар ҷаласаи кумитаи сеюми Асамблеяи генералии СММ қабул шуд ва 67 кишвар бо тарафдорӣ аз он овоз дода, 83 давлат аз раъйдиҳӣ худдорӣ намуданд.
Дар қатънома гуфта мешавад, ки аз соли 2014 мақомоти Русия алайҳи шаҳрвандони Укроин барои гирифтани эътирофҳои дурӯғин дар парвандаҳои сиёсӣ шиканҷаро истифода менамоянд ва онҳоро ғайриқонунӣ боздошт ва зиндон мекунанд.
Дар ҳуҷҷат аз созмонҳои байналмиллалӣ ва ташкилоти тахассусии СММ талаб шудааст дар ҳуҷҷатгузорӣ нимҷазираи Кримро чун “Ҷумҳурии худмухтори Крим ва шаҳри Севастопол (Украина), ки муваққатан аз тарафи Русия ишғол шудааст” ном баранд.
Ҳамроҳ бо Тоҷикистон Арманистон, Беларус, Боливия, Бурунди, Камбоҷа, Чин, Куба, Кореяи Шимолӣ, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Мянма, Никарагуа, Россия, Сербия, Ҷумуҳрии Африқои Ҷанубӣ, Судони Ҷанубӣ, Судон, Сурия, Уганда, Ӯзбекистон, Венесуэла, Зимбабве муқобили ин лоиҳа овоз доданд.
Тоҷикистон Кримро ҳамчун қаламрави Русия эътироф накардааст.