Рубрики Хабарҳо

Намояндаи Кореяи Ҷанубӣ раиси нави Интерпол интихоб шуд

Ким Чон Ян  аз кишвари Кореяи Ҷанубӣ ба унвони раиси ҷадиди полиси байналмилал (Интерпол) интихоб шуд.

Ким тавонист дар интихоботи баргузоршуда дар ҷаласаи маҷмаъи умумии Интерпол дар Дубай, ду севвуми ороро касб кунад ва ба унвони раиси нави он мансуб шавад.

Александр Прокопчук, муовини вазири умури дохилаи Русия, ки дар ҳоли ҳозир ба унвони муовини раиси Интерпол машғул ба фаъолият аст, рақиби Ким дар ин интихоб буд.

Иёлоти муттаҳида, Бритониё ва кишварҳои аврупоӣ ба интихоби Прокопчук бо ин даъво, ки интихоби вай барои симати раёсати Интерпол мумкин аст боис шавад то ин ниҳоди байналмилалии назоратӣ ба василае барои саркӯби мухолифони рус мавриди суъистифода қарор гирад, мухолиф буданд.

Украина ва Литва таҳдид карданд, дар сурати интихоб шудани намояндаи Русия аз Интерпол хориҷ хоҳанд шуд.

Пештар Мэн Ҳунвея, раиси вақти Интерпол дар Чин ба иттиҳоми фасод боздошт шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *