Мансур Умаров, муовии аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зимни баромадаш дар парлумон баланд гардидани сатҳи диндории ҷомеаро яке аз омилҳои асосии гаравидани ҷавонон ба терроризм номид. Комиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико бошад, бинобар маҳдудкунии озодиҳои динӣ, дар гузориши имсолааш Тоҷикистонро бори дигар ба феҳристи «кишварҳои мавриди нигаронии хос» ворид кард.
Ба андешаи муовини раиси КДАМ, ки мавқеъи кумитаро муаррифӣ мекард, омилҳои асосии гаравидани ҷавонони тоҷик баланд гардидани сатҳи диндории ҷомеа, таблиғу ташвиқи бесобиқаи арзишҳои динӣ, афзоиши таълимоти ибтидоии динӣ, паҳнкунии идеологияи диниву ифротӣ будаанд. Умаров муҳоҷирати кориро ҳам яке аз ин авомил номид, аммо на дар умум балки “зери таъсири гурӯҳҳои ифротӣ қарор гирифтани ҷавонон дар муҳити бегона, яъне муҳоҷирати меҳнатӣ”.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба динсетизии раҳбаронаш машҳур аст, ки аксари иқдомҳои давлат алайҳи дин дар Тоҷикистонро ба ин кумита нисбат медиҳанд. Саймӯъмин Ятимов, раҳбари КДАМ низ динсетез аст ва динро афюн медонад. Ӯ, новобаста аз он ки як ниҳоди амниятии давлатиро раҳбарӣ мекунад, нафрати шахсиаш ба дину диндоронро пинҳон намедорад. Дар атрофи худаш ҳам Ятимов афроде динбадбинро ҷамъ кардааст. Нуфузи ӯ ва муборизааш алайҳи дин ҳатто дар Кумитаи дин ва Шӯрои уламо паҳн шудааст.
Баъди ҷонишини раҳбари Кумитаи дин таъин шудани Бегназаров Амирбег, сарҳанги КДАМ, ки амалан раҳбари он аст, Кумитаи дин ба як ниҳоди зиддидинӣ табдил гардид. Бегназаров ҳатто мавъизаи имомхатибон дар намози ҷумъаро бо кӯмаки масъулини КДАМ омода месозад.
Мансур Умаров дар ҳоле аз баланд гардидани сатҳи диндории ҷомеа, таблиғу ташвиқи бесобиқаи арзишҳои динӣ ва афзоиши таълимоти ибтидоии динӣ ҳарф мезанад, ки бо ибтикори КДАМ дин дар Тоҷикистон ҳабс шуда, тамоми умури динии мардум зери заррабини ин кумита қарор дорад ва имкони таблиғ ва гирифтани таълими исломӣ тақрибан вуҷуд надорад. Тамоми роҳҳои таблиғ ва таълим масдуд шудаанд, аз ҷумла 70 дарсади масоҷиди Тоҷикистон баста шудаанд. Аз ҷумла:
таълимоти динӣ дар кишвар ба куллӣ манъ гардидааст;
дар масоҷиди боқимонда мавъизаҳое хонда мешаванд, ки аз тарафи масъулини КДАМ навишта мешавад;
фурӯши фиттаҳои мавъизаҳои динӣ ба куллӣ манъ шудааст;
роҳи масҷид ба занон, наврасону кӯдакон, кормандони давлатӣ баста шудааст;
нашри адабиёти динӣ зери контроли шадиди КДАМ қарор дорад;
апайҳи диндорон, бахусус мардони ришдор ва занони сатрпӯш ҷанг эълон гардидааст.
Дар даҳ соли охир ба Ятимов ва тимаш, албатта бо розигии раисҷмҳур, муяссар шуд ҳамаи умури динии мардумро маҳдуд созанд.
Бо вуҷуди ин ҳама, намояндаи КДАМ дар парлумон динро омили аслии терроризм меномад. Ин ҳам дар ҳолест, ки гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ маҳз баъди бештар шудани фишор болои умури диниашон афзудааст.
Як рӯз пас аз баромади Умаров дар парлумон, гузориши Комиссиюни озодиҳои мазҳабии ИМА нашр шуд, ки бинобар маҳдудиятҳои динӣ ва таъқиби диндорон Тоҷикистон дубора дар сафи «кишварҳои мавриди нигаронии хос» қарор гирифт.
Маҳз таълими динӣ, ки Умаров аз афзоиши он ҳарф мезанад, дар гузориши ин комиссиюни амрикоӣ таъкид шудааст. Муаллифони гузориш гуфтаанд маҳдудкунии таълимоти динӣ дар Тоҷикистон соли гузашта низ идома кардааст.
Ҳамчунин назорат аз фаъолиятҳои мазҳабӣ афзоиш ёфта, мақомот аломатҳои мазҳабӣ будани шахс мисли доштани риш, пӯшидани ҳиҷоб, баргузории зиёфатҳои марбут ба арӯсиву маъракаи азоро зери назорат гирифтанд.
Инчунин талошҳо барои маҳдуд кардани таҷлили иди Рамазону Қурбон мушоҳида шуд.
Гузориши 221-саҳифаӣ, ки нӯҳ саҳифааш ба Тоҷикистон бахшида шудааст, мегӯяд, соли 2017 на камтар аз 20 нафар бо иттиҳоми пайравӣ ё узвият дар равияи «Салафия» пушти панҷара рафтанд ва дар миёни онҳо як кардиохирурги касбӣ Абдумалик Саломов ва ду дӯсташ ҳам мебошанд, ки бо ҳамин ҷурм ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуданд.