11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Зорро рафт. Алъон танҳо ба нафақа

Иззатулло Шарифзода, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, маъруф ба Зорро аз вазифааш барканор шуд. Ба ҷои ӯ аллакай собиқ муовини вазири Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Мансур Умаров таъин гардид.

Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ба амл овард, ки аз ҷумла Иззатулло Шарипов “бинобар ба нафақа рафтанаш” аз вазифааш сабукдӯш шуд.

“Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Авзал- Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Шодихон Ҷамшед- муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, Шарифзода Иззатулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини Вазир — Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умаров Мансурҷон Ғаффорович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод ва ба вазифаи муовини Вазир — Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид” — иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Қаблан Паём иттилоъ дода буд, ки Додситонии кулл алайҳи Шарифзода парванди ҷиноӣ боз карда, имкон дорад ӯ на танҳо таъсир ва вазифаашро аз аст диҳад, балки барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гардад..

Яке аз таъсиргузортарин афрод дар Тоҷикистон, ки гуфта мешуд бидуни номнависии қаблӣ метавонист ба назди расиҷумҳур ворид шавад, аз “меҳрубонии” ӯ маҳрум шуда, баъди ҳаводиси зиндони Хуҷанд иҷозати даромадан ба назди Эмомалӣ Раҳмонро аз даст дода буд.

Манобеъ мегӯянд, қарор буд Шарифзода ҳамроҳ бо Файзуллоҷон Сафаров, раҳбари зиндони рақами 3-и Хуҷанд боздошт шавад, вале қарор доштанаш зери ҳимояи Озода ва Таҳмина Эмомалӣ — ду духтари раисҷумҳур ӯро то ҳол дар озодӣ нигоҳ доштааст.

Тибқи гуфтаи манбаъ, мошини хидматии Озода Раҳмон ва яке аз хонаҳои ӯро Иззатулло Шарифзода ҳадя кардааст ва ронандаи Озода ҳам нафари наздик ба Зорро мебошад. Ҳамчунин Шарифзода таъмини чанд хароҷоти Озода Раҳмонро ба дӯш дорад. Вале ҳатто миёнаравии Озода, ки раиси дастгоҳи раисҷумҳур ҳам ҳаст, ба Шарифзода кӯмак накардааст, то назди Эмомалӣ Раҳмон ворид шавад.

Фишори ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва кишварҳои демокративу созмонҳои байналмилал, ки дар ҳоли афзоиш аст, вазъи Зорроро бадтар кардаанд. Дар сурати бештар шудани ин фишорҳо ҳатто ҳимояи Озодаву Таҳмина наметавонанд ӯро аз зиндон наҷот диҳанд. Ё духтарони раисҷумҳур ба хотири ҳифзи обрӯи падарашон аз ҳимояти ӯ даст кашанд.

Тибқи асноди зиёди нашршуда, Шарифзода дар зиндонҳои Тоҷикистон як давлати ғуломдории ҷадид ташкил карда, на танҳо аз меҳнати тоқатфарсои маҳбусон ба нафъи чанд ширкати сохтмониву тиҷории худ истифода менамуд, балки аз хӯрок, либос, дидорбинӣ, саломатӣ ва ҳатто ҷони маҳбусон пул кор мекард.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *