Сайдулло Валиев, домоди масъули баландпояи ҲНИТ Шоҳнаими Карим, ки шаш моҳ қабл бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Истамбули Туркия боздошт шуда буд, озод гардид. Ҳоло ӯ ба назди хонаводааш ба Истамбул баргаштааст.
Вакили дифоъи ӯ Анас ба Паём гуфт, ки додгоҳ парвандае, ки мақомоти Тоҷикистон ирсол карда буданд нокифоя ва бидуни далел шуморид ва Сайдулло Валиевро озод кард.
Валиев 3-юми майи соли ҷорӣ дар ҷои кораш аз тарафи пулиси Истамбу боздошт шуда буд. Ӯ дар як корхонаи пояфзордӯзии ин шаҳр кор мекард. Валиев чаҳор моҳ дар боздоштгоҳ барои хориҷиён дар Истамбул қарор дошт ва ду моҳ қабл ӯро ба боздоштгоҳи шаҳри Измир интиқол дода буданд.
Рӯзи боздошт, яъне 3 май, мақомоти Туркия аз пайвандони Сайдулло Валиев талаб мекунанд, ки ба кишвари сеюм чипта харанд. Пайвандони ӯ, ба шаҳри Тбилисии Гурҷистон чипта мехаранд. Аммо парвози ӯро мақомоти Туркия лағв мекунад.
«Мебоист Сайдулло Валиев дирӯз, соати 23 шаб ба шаҳри Тбилисии Гурҷистон парвоз мекард. Аммо, ҳамагӣ 6 соат пеш аз парвоз, соати 17 бегоҳӣ мақомоти Туркия аз қавли худ мегардад ва намояндаи мақомоти зидахли Туркия ба пайвандони Сайдулло мегӯяд, ки бино ба баъзе мулоҳизаҳо ихроҷи Сайдулло Валиев ба Гурҷистон лағв шудааст ва бояд ба кишвари дигар чипта харид».- гуфта буд манбаъ
Бино ба гуфти манбаъ пайвандони Сайдулло, дуюмбора, баъди машварати вакилаш бо масъулини мақомоти зидахли Туркия ба шаҳри Кишинёви Молдовия чипта мехаранд. Мебоист, Сайдулло Валиев имрӯз, 4 май, соати 19:15 аз фурӯдгоҳи Отатурки Стамбул ба Кишинёв парвоз мекард. Соати 17 бо ҳамроҳии нигаҳбонон ва ронандаи мақомот онҳо ба сӯи Фурӯдгоҳ ҳаракат мекунанд. Аммо дар роҳ, ронанда мошинро бозмедорад ва баъди як сӯҳбати телефонӣ мегӯяд, ки сафари Сайдулло Валиев ба Молдова лағв шудааст.
Рӯзи 8-уми май Додгоҳи олии Туркия ҳукми истирдоди Валиев ба Тоҷикистонро манъ кард.
Сайдулло Валиев домоди Шоҳнаими Карим, узви Раёсати олии ҲНИТ аст. Қаблан худи Шоҳнаими Карим (Кузов Мирзораҳим) бо дархости мақомоти Тоҷикитсон дар Юнон боздошт шуда буд, аммо додгоҳи ин кишвар ҳукми озодии ӯро содир кард.