Бо як даст медуздем, бо дасти дигар кам-кам мебахшем
Билохира! Мансабдорони тоҷик мардумро ба хотир оварданд. Ваҷду хушҳолӣ аз тарафи мардуми шукргузор, асосан троллҳо бо саҳифаҳои ҷаълӣ мисли барги гулҳое ҳастанд, ки зери пои Накӯкори Олӣ мерехтанд. Баъди супориши Ҷанои Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, Раисҷумҳури Тоҷикисон, Мӯҳтарам ва ғайра, замони ғамхории мансабдорон (алъон на дар тамоми ҷаҳон) оғоз шуд.
Як вазир дар деҳаи фақиру холимондаи зодгоҳаш бунгоҳи тиббӣ сохт, дигаре мактаб. Саввумӣ мактаберо таъмир кард ва компютерҳо тӯҳфа кард. Мегӯянд минбаъд дар ҳар деҳаи ҷануби Тоҷиикстон, зодгоҳи аъзои ҳукумат як бунгоҳи тиббӣ сохта хоҳад шуд.
Шараф ба Асосгузори сулҳу ваҳдат! Ҳамагӣ 26 сол гузашт. Ҳарчӣ интизорӣ тӯлонитар бошад, ҳамон қадар мевааш ширинтар аст. Акнун вазирон аз ҳисоби худ боғу гулгаштҳо месозанд ва зебоӣ мебахшанд. Ва ҳамааш барои мардум.
Аммо чаро аз ҳисоби худ? Зеро дар буҷа пул нест. Пули буҷа дуруст дар кисаҳои лозимӣ тақсим шудааст. Мардум бояд шукргузор бошад, чун вузаро охирин дирам ва захираи чандсолаашонро медиҳанд. Мардум бояд оҷилан масрафи хӯрду хӯроки вазиронро ҷамъварӣ кунад ва масорифашонро комилан баргардонад. Агар мардум ин корро ихтиёрӣ накунад, кӯмакаш мекунанд. Ҳама чиз барои мардум, ҳама чиз барои инсон. Магар муомилаи одилонае нест?
Давлат болои мардум андозҳои гаронро бор мекунад, тарофаҳои барқу алоқаро боло мебарад, қимати сӯзишвориву хӯрокворӣ боло меравад, сафар дар роҳи кӯҳии бидуни ҷойгузини Шимол-Марказ пулакист. Де-факто хидматгузории тиббӣ ҳам. Барои ҳар маълумотнома ҳар атса задан пул талаб мекунанд, албатта нақд. Дору, сузандору, қатрачакон, бинт ва ғайраро бемор бо худ меорад. Баъзе кордонҳо ҳатто вуруд ба Маркази тиббии ҷумҳуриявиро пулакӣ карданд. Мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар ноҳияҳо 6 литр бензин барои рӯз мегиранд. Пули бензинро надиҳӣ, намеоянд.
Мардон барои пулкоркунӣ ба Русия рафтаанд, то ақалан хонаводаашонро хӯронанд. Онҳоро бо бунгоҳи тиббиву мактабу боғҳо коре нест. Давлат ҳам базӯр нӯг ба нӯг мерасонад. Аниқтараш намерасонад — қарзи давлатӣ дар ҳоли афзоиш аст, касе дигар ба Тоҷикистон қарз намедиҳад. Ҳамаи умед ба Асосгузори сулҳ ва мансабдоронаш. Маҳз бо супориши ӯ мансабдорон ногаҳон мардумро ба хотир оварданд ва хайрхоҳ шуданд.
Яъне Раҳмон бо ин кораш — амр ба аъзои ҳукумат бар бунёди иншооти ҳаётан муҳим дар деҳаҳои зодгоҳи худ, эътироф мекунад:
1) Вазиронаш ҳақимардумхӯр, дузд ва фасодкор ҳастанд, ки роҳҳои ғайриқонунии беназорати сарватмандшавиро истифода мебаранд ва бо моҳонаи худ зиндагӣ намекунанд;
2) Сатҳи ноадолатии иҷтимоӣ, тақсимшавии мардум ба хеле сарватмандону хеле камбизоатон дар ҳоли афзоиш аст, норозигии қишри поён меҷӯшад;
3) Эмомалӣ Раҳмон нияти мубориза бо фасодро надорад ё наметавонад;
4) Агентии мубориза бо фасодро мешуд бидуни мулоҳиза баст, вале он мисли саги занҷирбанд барои ба ҷавобгарӣ кашидани норозиён ва шикастани бизнеси хурду миёна зарур аст;
5) Ба мансабдороне, ки аз хайрияҳошон гузориш доданд, иҷозаи ҷуброни ҳазинаҳояшон дода мешавад. Ин таҳрики огоҳона ба ғорати хазинаи давлат ва дӯшидани мардум аст;
6) Ҳамаи “пешгомон”-ро метавон ба зиндон фиристод;
7) Эъломияҳои даромади мансабдорон дар демокросиҳои ҷаълӣ нашр намешаванд;
8) Ин дуздҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳайвонҳои бесадо, чанги попӯшҳо ва партовҳои ҷаҳон мешуморанд;
9) Ончӣ аз тарафи Пешвои муаззам сохта шудааст кишвари демократӣ не, истибдодӣ ва салтанатӣ аст;
10) Ин шакли давлат бо Сарқонуни Тоҷикистон ҳеҷ бастагие надорад, яъне ғайри конститутсионист.
Темур Варқӣ