Рубрики Хабарҳо

Кабирӣ: ҷинояти пинҳон кардани вуҷуди вирус як ҷинояткор дорад (навор)

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар пахши мустақими навбатиаш, ки шоми дирӯз сурат гирифт ва ба эътирофи мақомот бар вуҷуди вируси коруно рабт мегирифт, гуфт эътироф бояд ду моҳ пеш сурат мегирифт, ки дар ин сурат имкони наҷоти ҳазорҳо нафар вуҷуд дошт. 

Кабирӣ изҳор дошт, ки ҳарчанд мақомот шумори мубталоёнро 15 нафар гуфтанд, “ҳамаи ҷомеъа медонад, ки он метавонад аз ҳазорҳо ҳам бештар бошад, зеро дар шароити Тоҷикистон ҳеҷ кас наметавонад ташхис кунад, ки чӣ қадар беморӣ вуҷуд дорад”.

Ӯ гуфт ҳоло кулли мардуми Тоҷикистон дар як заврақ қарор дорад ва бояд муштаракан фикр кард, ки “чӣ бояд кард, ки пеши роҳи ин бӯҳрон гирифта шавад”.  

Раҳбари ПМТ таъкид кард, ки “ончӣ дар Тоҷикистон рух дод, ин як ҷинояте буд дар сатҳи давлату миллат ва ҷинояти андак нест. Ин ҷинояте буд, ки ҷинояткори асосиаш як нафар аст”. 

Ӯ ба баргузории ҷашни Наврӯз бо вуҷуди огоҳиҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва иддаъои он замони Раҳмон мабнӣ ба адами вуҷуди вируси коруно ишора кард ва суол гузошт, ки “агар он замон дар Тоҷикистон вирус набуд, пас кай ворид шуд, дар ҳоле ки сарҳадҳо ҳама баста буданд?” Ва посух дод: “ҷавоб як тост: маълум мешавад, ки вирус он замон дар Тоҷикистон вуҷуд доштааст”. 

Кабирӣ гуфт бовар надорад, ки Эмомалӣ Раҳмон он замон аз вуҷуди коруно дар кишвар хабар надоштааст ва аз онҳое, ки болои ҳукумату масъулин фишор оварданд, то вуҷуди бемориро эътироф кунад, таҳсин кард ва қайд кард “маҳз ин фишорҳои қисми огоҳи ҷомеъа буд, ки ҳукуматро маҷбур ба эътирофи вуҷуди коруно кард”. 

Раҳбари ПМТ аз онҳое, ки мехоҳанд раиси ситоди мубориза бо коруно Қоҳир Расулзода, вазири тандурустӣ, табибон ё дигар масъулинро гунаҳкор кунанд интиқод кард ва таъкид намуд, ки “дар ин ҷиноят танҳо як ҷинояткор аст, ки он ҳам президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст” ва таъкид кард, ки “мо набояд иҷоза бидиҳем боз ин ҷиноятро ба дигарон нисбат диҳанд ва Раҳмонро наҷотдиҳандаи миллат ба тасвир оваранд”. 

“Миллати азиз бояд бидонад, ки инҳо ҳанӯз як моҳ пештар фарзандони худро аз рафтан ба мактабҳо манъ карда буданд, чун медонистанд, ки дар кишвар вирус ҳаст. Дар ҳамин ҳол фарзандони мардуми оддиро ба мактаб фиристоданд ва ҳатто таҳдид карданд, ки ҷарима мешаванд. Шумо тасаввур намекунед, ки ин фарзандон чӣ қадар вирусро дар ҷомеъа паҳн карданд, дар сурате, ки худи Раҳмон аз вуҷуди коруно огоҳ буд” — изҳор дошт Муҳиддин Кабирӣ. 

Раҳбари мухолифини тоҷик таъкид кард, ки Эмомалӣ Раҳмон медонист, ки ба дӯш гирфтани масъулияти раҳбарии ситоди мубориза бо вирус сангин аст ва паёмад дорад, бинобар ин онро ба дӯши сарвазир гузошту фирор кард.

Ӯ пешниҳод кард ҳукумат баъди эътироф бояд ду иқдоми дигарро ҳарчӣ зудтар амалӣ созад:

1. Сабук намудани зиндонҳо бо раҳо кардани зиндониёне, ки синнашон аз 50 боло аст. “Агар ин беморӣ байни зиндониён ривоҷ пайдо кунад, ки аллакай ҳаст, як фоҷеъа мешавад” — гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

2. Қатъи робита байни шаҳрҳои вирусзада бо деҳоту шаҳрҳои дигаре, ки беморӣ ҳанӯз ба онҷо нарасидааст. “Бале, ин паёмадҳои иқтисодиро дар пай хоҳад дошт, аммо иқтисод, сиёсат, президент, ин ҳама ба хотири инсон аст, на шаҳрванд ба хотири ҳукумату “пешво”” — таъкид кард раҳбари ПМТ.

 Кабирӣ гуфт миллат бояд иқдоми ҷасуронаи фишор болои ҳукуматро идома диҳад. “Ман мефаҳмам, ки мо дар хориҷ ҳастем ва аз фишори таъқиби ҳукумат маъоф ҳастем, аммо шумо метавонед навору маълумоти дақиқро ба хориҷбудагон фиристед, то миллат аз воқеъият огоҳ бошад. Бидуни фишор ва иқтомҳои ҷасурона, мутмаъин бошед, ки ин ҳукумат, ба хусус шахси Эмомалӣ Раҳмон даст ба иқдомҳое нахоҳад зад, ки ба нафъи миллату кишвар бошад” — қайд кард ӯ. 

Раҳбари мухолифон дар охир таъкид кард, ҳатто агар ҳукумат ҳам талаб накард, мардум бояд дар хонаҳояшон бимонанд, чун имрӯз ягона роҳи асосии пешгирӣ аз вируси коруно ҳамин аст. 

Кабирӣ даъват кард дар ин рӯзҳо мардумро ба худию бегона, тарафдори ҳукумату мухолифин ҷудо накунанд ва танҳо ҷониби ҳақиқатро дошта бошанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *