Рубрики Хабарҳо

Путин ба мусалмонон тавсия дод идро дар хонаашон ҷашн гиранд

Президенти Русия Владимир Путин маслиҳат дод, ки  мусалмонони Русия бо тавсияи ходимони дин Иди Рамазонро дар хонаҳояшон ҷашн гиранд. 

Ин гуфтаҳоро Путин зимни машварат бо раҳбарияти Доғистон ва намояндагони ҷомеа изҳор намуда гуфт, “Ман огаҳам, ки дар Доғистон ба ин ид чӣ гуна муносибат доранду расму оинҳоро гиромӣ медоранд. Инро ҳам медонам, ки ходимони дин даъват доранд, ки дар замони ҳозира ин ид дар хонаҳо ҷашн гирифта шавад, аз ибодатҳои дастаҷамъона, анъанаҳои як ҷо ҷамъ шудан бо дӯстон ва маъракаҳои сериздиҳом худдорӣ шавад. Умедворам, ки тасвияҳои ходимони маъруфи дин сарфи назар намешаванд».

Дар Русия он имсол ба рӯзи 24 май рост меояд. Дар ин айём вируси коруно дар Русия дар авҷи густариш аст.  Аз рӯйи шумори сироятёфтагон Доғистон дар ҷойи панҷум дар Русия қарор дорад. Дар минтақа 3,5 ҳазор нафар беморон ва 29 каси фавтида сабт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазири тандурустии Доғистон Ҷамолуддин Ҳоҷииброҳимов қаблан хабар дода буд, ки аз бемории COVID-19 дар минтақа 40 табиб фавтидаанд.

Ҳамагӣ дар Русия 291 ҳазор сироятёфтагон ба қайд гирифта шуда, 2 ҳазору 700 нафар фавтиданд. Шабонарӯзи охир 8 ҳазору 900 ҳолати нави сироят ба қайд гирифта шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон низ намози Иди Рамазон баргузор намешавад. Тавре аз Шӯрои уламои кишвар хабар доданд, намоз тариқи онлайн низ доир намегардад, зеро он ба шариати ҳанафӣ мухолиф аст. Аммо, Исломиддини Саид, диншиноси тоҷик ба Паём гуфт, агарчӣ дар мавриди бидуни ҷамоат хондани намози ид байни мазоҳиб ихтилофҳое вуҷуд дорад, вале дар чунин ҳолатҳо бо такя бо асаре, ки аз Анас ибни Молик нақл шудааст, Имом дар ҳолати бо ҷамоати ҳамроҳи имом нарасидан, намози идро дар хона бо хонаводаашон мегузорид.

Исломиддин Саидов таъкид кард, ки “Хутбаи ид хондан дар намози ид дар ин ҳолат зарурат надорад, вақти намози ид, ҳамон вақти намози зуҳо, яъне чошт аст. Намоз ҳамонгунае, ки бо ҷамоат баргузор карда мешавад, хонда шавад”.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *