Рубрики Хабарҳо

Созмони Ҷаҳонии Ғизо: кумак нарасад маҷбурем Афғонистонро тарк кунем

Созмони Ҷаҳонии Ғизо (СҶҒ) мегӯяд ҳатто барои идомаи кор худ дар Афғонистон то поёни моҳи октябр пули кофӣ надорад. 

СҶҒ мегӯяд бо бадтарин буҳрони молии таърихи худ рӯ ба рӯст ва таъмини ниёзи ҷаҳон ба кумаки ғизоӣ, бо душвории бесобиқае ҳамроҳ аст. 

Раиси ин ниҳоди Созмони милали муттаҳид гуфтааст ин барнома ҳатто барои идомаи кори худ дар Афғонистон то поёни моҳи октябр пули кофӣ надорад ва агар кумак нарасад маҷбур ба тарки комили Афғонистон хоҳад шуд. 

Синди Маккейн, раиси Созмони ҷаҳонии ғизо рӯзи якшанбе ба шабакаи АБС-и Амрико гуфт буҳронҳои ҷаҳонӣ монанди ҳамагирии Ковид, тағйироти иқлимӣ ва ҷанг ҳазинаи фаъолияти ин Созмонро ба маротиб болотар бурдааст ва дар айни ҳол дар кишварҳои кумаккунанда ҳассосият ва муқовамат нисбат ба кумакҳои хориҷӣ ба кишварҳои ниёзманд бештар шудааст. 

Хонум Маккейн таъкид кард “барои аввалин бор дар ҳоле, ки ниёз ба кумаки ғизоӣ дар ҷаҳон мураттабан рӯ ба афзоиш аст, кумакҳо ба ин ниҳоди байналмилалӣ коҳиш ёфтааст ва ин Созмон маҷбӯр шуда кумакҳои худро дар манотиқе монанди Афғонистон, Бангладеш, Фаластин, Конго, Ҳоитӣ, Урдун, Судони ҷанубӣ, Сомалӣ ва Сурия коҳиш диҳад.”

Баровард шудааст, ки барномаи ҷаҳонии ғизо ҳамасола ба ҳудуди 97 миллион нафар дар ҷаҳон кумак мекунад. 

Ноамнии ғизоӣ, ки дар асари гармоиши замин ва ҳамагирии коруно бо душворӣ рӯбарӯ буд, аз замони ҳамлаи Русия ба Укроин бадтар шудааст. 

Се моҳ пеш масъули Созмони ҷаҳонии ғизо дар Афғонистон эълом кард, ки ҳар рӯз, ҳудуди 20 миллион нафар дар Афғонистон, ғизои кофӣ надоранд ва гурусна мехобанд, ва чаҳор миллион модару кӯдак дар маърази хатари суъитағзия ва марг ҳастанд. 

Суқути бунёди иқтисодии Афғонистон дар пайи султаи Толибон дар тобистони 2021, хушксолӣ ва афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва сиёсатҳои Толибон дар ҷилавгирӣ аз кори занон ба афзоиши гуруснагӣ ва коҳиши даромади мардуми ин кишвар мунҷар шудааст. 

Рӯзи душанбе қарор аст дар остонаи ҳафтоду ҳаштумин иҷлоси Маҷмаъи Ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид, сарони кишварҳои ҷаҳон барои муқобила бо фақру гуруснагӣ ва кумак ба тавсеа дар ҷаҳон, як бори дигар дидор кунанд. Аммо таҳлилгарон мегӯяанд ҷомеаи ҷаҳонӣ аз барнома ва ваъдаҳои мукаррари худ барои расидан ба аҳдофи ҷаҳонии рушди пойдор бисёр ақиб аст. 

Понздаҳ сол баъд аз таъйини аҳдофи ҳабдаҳгонаи рушди пойдори Созмони Милали Муттаҳид ва тааҳҳуди кишварҳо барои расидан ба онҳо то соли 2030, ба назар мерасад, ки ҳаракат дар ин масир бисёр кунд пеш меравад ва дар мавридҳое вазъ ҳатто вахимтар ҳам шудааст. 

Дар ҳоле, ки кишварҳо дар соли 2015 мутааҳҳид шуда буданд, ки фақрро, дар ҳама ишколи он, то соли 2030 ба сифр бирасонанд, Созмони милали муттаҳид мегӯяд бо идомаи вазъ ба шакли феълӣ, дасти кам 575 миллион нафар дар соли 2030 дар фақри шадид зиндагӣ хоҳанд кард ва 600 миллион нафар дар ҷаҳон бо гуруснагӣ рӯ ба рӯ хоҳанд буд. 

Бар ин асос дар коҳиши камхунӣ дар ҷаҳон аз соли 2020 то кунун ҳеҷ пешрафте сурат нагирифтааст, рушду тавсеаи 148 миллион кӯдак дар ҷаҳон бар асари суъитағзия бо мушкил рӯ ба рӯст ва як нафар аз ҳар се нафар дар ҷаҳон аз ноамнии ғизоӣ ранҷ мебарад. 

Созмони милали муттаҳид мегӯяд дар ҳоли ҳозир шохиси рушди инсон дар ҷаҳон барои дувумин соли пайиҳам дар се даҳаи гузашта уфт кардааст. Низоми молии ҷаҳонӣ дар қиболи буҳронҳои ҷаҳонӣ осебпазир аст ва дар чунин мавридҳое амалан шароит ба нафъи сарватмандон ва ба зарари фуқаро шакл мегирад. 

Синди Маккейн ба шабакаи АБС гуфтааст буҳронҳои байналмилалӣ монандӣ ҷанг дар Укроин бар буҳрони гуруснагӣ дар ҷаҳон соя афканда ва ҳамзамон буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ боис шуда дар кишварҳои сарватманд, райдиҳандагон бо сиёсатҳои ҳомии кумакҳои хориҷӣ мухолифат кунанд.  

Ба гуфтаи мудири Созмони Ҷаҳонии Ғизо “Укроин тамоми манобеъи ҳаётиро ба худ ҷазб кардааст. Ман қатъан мутаваҷҷеҳи ниёз ба ҳимоят аз Укроин ҳастам, аммо нуқоти дигаре ҳам дар ҷаҳон ҳаст, ки ба ҳамон андоза ба кумак ниёз доранд.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *