Рубрики Хабарҳо

Кумитаи андоз назди осиёбҳо посгоҳ ташкил кардааст

Як идда соҳибкорон — моликони корхонаҳои истеҳсоли орд дар вилояти Суғд мегӯянд, ки аз 7-уми декабр инҷониб мақомоти андоз дар назди корхонаҳои онҳо постгоҳ ташкил кардаанд ва ба онҳо фишор меоранд.

Мақомот: «Постгоҳҳо барои назорат аст»

Ин соҳибкорон мегӯянд, амалкарди нозирони андоз бар хилофи фармони президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мораторияи санҷиши соҳибкорон ва худи Кодекси андоз аст. Аммо мақомоти андоз мегӯянд, постгоҳҳо барои назорати ҳаҷми воқеии истеҳсоли орд ва пешгирӣ аз рӯйпӯш кардани андозҳо ташкил дода шудааст.

Обид Муҳаммадсаид, як мақомдор дар Кумитаи андоз дар Тоҷикистон рӯзи 13-уми декабр дар сӯҳбат Радиои Озодӣ гуфт, дидбонгоҳҳо на дар корхонаҳои истеҳсоли орд, балки дар нуқтаву анборҳои қабули гандум аз вагонҳои роҳи оҳан гузошта шудааст.

Ӯ гуфт, «мо дидбонгоҳҳои андозро дар корхонаҳои коркарди орд нагузоштаем. Балки дидбонгоҳҳои мо дар терминалҳои қабули маҳсулоти гандумӣ таъсис ёфтааст. Сабаби гузоштани ин дидбонгоҳҳо дар он аст, ки мувофиқи маълумотҳо, воридоти гандум ба кишвар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз афзуда, аммо коркард тибқи нишондоди корхонаҳои ордбарорӣ 10 фоиз кам шудааст. Суол ба вуҷуд меояд, ки ин миқдор гандуме, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешавад, дар куҷо коркард мешавад?».

Мақсад аз ташкил кардани чунин постгоҳҳо аз ҳисоби нозирони андоз ба гуфтаи Обид Муҳаммадсаид, танҳо ин аст, ки ширкатҳои воридкунандаи гандум ба Тоҷикистон моли овардаи худро дар дохили кишвар ба кадом корхонаҳо таҳвил медиҳанд, дуруст дар ҳуҷҷатҳо зикр кунанд. «Мо аз ин бештар аз соҳибкорон чизе намехоҳем»,-гуфт ӯ.

Дар ин нома соҳибкорон навиштаанд, мутобиқи фармони президенти ҷумҳурӣ таҳти №990 аз 16 январи соли 2018 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ барои соҳаи истеҳсолот 2 сол мораторий эълон карда шудааст

Ҳамчунон соҳибкорон фармоиши раёсати андози вилояти Суғдро муғоийр ба талаботи моддаи 41 кодекси андоз мешуморанд, ки тибқи он танҳо дар корхонаҳое, ки:

— молҳои зераксизӣ истеҳсол менамоянд;

— қарзи андоз доранд;

— ҳисоботҳои андозро мунтазам сифрӣ пешниҳод менамоянд;

— маъданҳои фоиданок истихроҷ менамоянд

Дидбонгоҳ ташкил кардан мумкин аст.

Аммо соҳибкорон мегӯянд, ширкатҳои онҳо моли зераксизӣ истеҳсол намекунанд, аз андоз қарздор нестанд, боре эъломияи сифрӣ пешниҳод накардааанд ва ба истихроҷи маъдан машғул нестанд.

Абдулло Ашӯров

«Озодӣ»

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *