Муҳоҷирони тоҷик аз русия тавассути системаҳои интиқоли пул дар семоҳаи саввум ба Тоҷикистон $779 миллион маблағ ирсол кардаанд. Дар ин бора Бонки марказии Русия хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъи Бонки марказии ФР, ҳаҷми миёнаи интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон $162-ро ташкил додааст.
Дар семоҳаи аввал ҳаҷми интиқоли пулӣ аз тарафи шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон $487 миллионро ташкил дода буд. Дар семоҳаи дуввум бошад ин нишондиҳанда ба $672 миллион расида, дар се моҳи июл-сентябр $779 миллионро ташкил дод.
Ҳамин тавр дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маблағҳои ирсолшуда аз тарафи шахсони воқеъи тавассути системаҳои интиқоли пулӣ ба аз Русия ба Тоҷикистон $1 миллиарду 938 миллион расид.
Байни кишварҳои ИДМ аз рӯи интиқоли пул аз Русия дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ Ӯзбекистон пешсаф аст. Шаҳрвандони ин кишвар ба ватанашон беш аз $3 миллиард ирсол кардаанд.