Дар шаҳри Душанбе зимни як ҷаласаи сайёри муштараки ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД ва Комиссияи доимии СААД оид ба мудофиа ва амният, вазъи ҳарбию сиёсии минтақаи Осиёи Марказии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Тавре нашрияи Фараж аз парлумони Тоҷикистон хабар додааст, ҷаласа, рӯзҳои 28-29-уми октябр баргузор мегардад.
Тибқи манбаъ зимни баргузории ҷаласа дар бораи пешрафти тасвиби аҳдномаҳои байналмилалӣ, ки дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ имзо шудааст, маълумот дода мешавад.
Инчунин, дар бораи фаъолияти созмони ҷангҷӯи «Давлати исломӣ» ва дигар ташкилотҳои террористӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таҳдиди афзояндаи содироти экстремизм ва терроризм ба кишварҳои узви СААД маълумот хоҳанд дод.
Дар ҷараёни ҷаласаи саӣёр мулоқоти иштирокчиёни ҷаласа бо роҳбарияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти дивизияи 201- уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Иштирокчиёни ҷаласаи саӣёри муштараки ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД ҳамчунин дар машқҳои ҳарби, ки дар маӣдони таълимии Лоҳур мегузаранд иштирок менамоянд.