Мақомоти вазорати нафти Эрон мегӯянд, Русия дар ҳоли баррасии тарҳи фарогире барои 6 майдони нафтӣ ва 2 майдони бузурги газӣ дар Эрон аст. Эрон ҳамчунин аз тамоюли Русия ба сармоягузории 800 миллион долларӣ барои роҳи оҳани Рашт-Астара хабар додааст.
Муовини умури байналмилал ва бозаргонии вазорати нафт бо ишора ба сафари Ҷавод Авҷӣ, вазири нафти Ҷумҳурии Исломӣ ба Русия барои ширкат дар “ҳамоиши иқтисодии Хазар”, яке аз мавзӯъоти матраҳшуда дар ин нишастро суръатбахшии иҷрои тафоҳумномаи фарогир бо Газпром унвон кардааст.
Ба гуфтаи Аҳмад Асадзода, “тарафи рус дар ҳоли баррасии тарҳи фарогир барои 6 майдони нафтӣ ва ду майдони бузурги газии кишвар аст”. Муовини вазири нафт дар умури байналмилал ибрози умедворӣ кардааст, ки “то поёни сол қарордод барои ин майдонҳои нафт ва газ имзо шавад”.
Ба гуфтаи ин мақоми вазорати нафт, муқаррар шудааст ду тараф нақшаи роҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро то баргузории комиссияи муштарак тайи ҳафати ҷорӣ дар Маскав, бо суръат ниҳоӣ ва омода кунанд.
“Тафоҳумномаҳое ба арзиши 40 миллиард”
Бар асоси гузориши дигаре аз вазорати нафт, Ҷавод Авҷӣ дар мавриде “муъомилаи бузурги нафту газ байни Эрон ва Русия” гуфтааст: “хушбахтона бо ширкати Газпром ва ширкатҳои дигар музокироти хубе анҷом шудааст, ки сақфи тафоҳумномаҳои он то 40 миллиард доллар мерасад ва ин ширкатҳо дар майдонҳои нафту гази кишварамон сармоягузорӣ мекунанд ва ҳазинаҳои онро пас аз баҳрабардорӣ аз бахши тавлид бардошт хоҳанд кард.”
Вазири нафт ҳамчунин ҳамкории Ҷумҳурии Исломӣ бо кишварҳои ҳавзаи Хазар дар мавзӯъи нафту газ ва энержиро роҳбурдӣ хонда ва гуфтааст: “қатъи гази содироти Русия ба Аврупо ва тағйири шароити байналмилалӣ сабаб шуда то Эрон битавонад пули интиқоли фаровардаҳои нафтӣ ва газии Русия ба соири кишварҳо бошад ва ба қутби газии минтақа табдил шавад.”
Бар асоси гузориши вазорати нафт, ширкати миллии нафти Эрон ва Газпроми Русия ёддошти тафоҳуми 40 миллиарддолларӣ имзо карданд, ки ҳадаф он аз ҷумла тавсеаи майдонҳои газии Киш ва Порси шимолӣ ва 6 майдони нафтӣ, эълом шудааст.
Бинобарин гузориш ин тафоҳумнома шомили амалиёти мубодила бо гази табии ва фаровардаҳои нафтӣ, иҷрои пружаҳои гази моеъ ва сохти хутути лӯлаи гази содиротӣ мешавад.
Тавофуқи ниҳоӣ бо Русия дар сармоягузории 800 миллион долларӣ барои роҳи оҳани Рашт -Астара
Дар ростои идомаи ҳамкориҳои Эрон ва Русия, ҷаласаи сеҷонибаи Эрон, Русия ва Озарбойҷон рӯзи якшанбе (9 октябр) бо ширкати мақомоти вазорати роҳ ва шаҳрсозӣ, вазири тавсеаи иқтисодӣ ва муовини вазири ҳамлу нақли Русия ва муовини вазири ҳамлу нақли Озарбойҷон баргузор шуд.
Ба гуфтаи мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ тавофуқ бо Русия барои таъмини манобеъи молӣ сохти роҳи оҳани Рашт-Астара яке аз муҳимтарин мавзӯъҳои матраҳшуда дар ин ҷаласа буд.
Мудири кулли дафтари тиҷорисозии вазорати роҳ ва шаҳрсозӣ бо ишора ба ин ки яке аз аҳдофи баргузории ин ҷаласа баррасии роҳкорҳо барои таҳаққуқи транзити 15 миллион тон байни се кишвар будааст, мегӯяд: “русҳо ба сармоягузорӣ барои сохти роҳи оҳани Рашт-Астар тамоюл доранд.”
Ба гуфтаи Амин Тарфаъ, мизони эътибороти дархостшуда аз Русия барои сохти ин масири роҳи оҳан, маблағи ҳудуди 800 миллион доллар аст.
Ин мақоми масъул аз баргузории ҷаласае дар моҳи ноябр ба манзури баррасии наҳваи ҳамкориҳо барои сохти ин роҳи оҳан бо русҳо ва тавофуқи ниҳоӣ хабар додааст.