Рубрики Хабарҳо

Маъракаи ҳимоя аз Хайрулло Мирсаидов густардатар мешавад

12 созмони ҳуқуқи башар ва журналистӣ бо нашри изҳороте аз сафоратхонаҳои мустақар дар Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилал даъват кардаанд барои наҷоти рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов талоши бештаре кунанд.

Дар ин изҳорот, ки ба он созмонҳое мисли Хюман Райтс Вотч, Кумитаи норвежии Ҳелсинки, Freedom House, Кумитаи дифоъ аз журналистон, Article 19, Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, Анҷумани милии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Гузоришгарони бидуни марз ва ғайра имзо кардаанд аз дипломатҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ даъват шудааст дар остонаи муҳокимаи нави парвандаи Мирсаидов ба озодии бидуни шарти ӯ аз зиндон пофишорӣ кунанд.

Қарор аст мурофиаи Мирсаидов дар додгоҳи апелятсионӣ рӯзи 15 август оғоз гардад. Қаблан додгоҳи шаҳри Хуҷанд Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон мақкум карда буд. Ӯ ба тассарруфи 124 ҳазор сомонӣ пули давлат муттаҳам мешавад, аммо худаш ва хонаводаву вакилаш ин иттиҳомро қатъиян рад мекунанд.

Наздикони Мирсаидов ин маблағро баъди ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба хазинаи давлат супориданд, аммо гуфтанд, ки ин ба маънии эътирофи гуноҳ нест.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонони сиёсӣ низ, ки тоза аз тарафи мухолифон дар хориҷи кишвар таъсис шудааст, парвандаи Хайрулло Мирсаидовро дар дастури кории худ дохил кардааст ва қарор аст ба зудӣ флешмобу муроҷиъатномаҳо оғоз кунад.

Бархе аз файолони сиёсӣ аллакай ба флешмоб оғоз кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *