Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоташ бахшида ба рӯзи Сарқонун, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, гуфт ҳадафи аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи Сарқонун “эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад”.
Мо ҳам тасмим гирифтем имрӯз ба ҳамин масъала пардозем, ки ба Сарқонун дар Тоҷикистон то куҷо арҷу эҳтиром гузошта мешавад ва сатҳи эҳтироми худи Эмомалӣ Раҳмон ба Сарқонуни кишвар, ки чанд рӯз қабл даст рӯи он гузошта қасам ёд кард, дар кадом сатҳ аст.
Сарқонуни Тоҷикистон ҳамагӣ 26 сол пеш қабул шудааст, аммо борҳо мавриди дасткорӣ қарор гирифта, ба бахшҳое аз он тағйирот ворид гардидааст. Бештари ин тағйирот бо ибтикори ҳукумат, аниқтараш шахси Эмомалӣ Раҳмон ворид шуда, мавқеъи ӯ дар қудратро устувортар гардонидааст.
Аммо раисҷумҳур мегӯяд “мо бо роҳи гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ то имрӯз дар самтҳои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, демократикунонии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву фарҳангӣ, таҳкиму тақвияти низоми давлатдории миллӣ ва аркони бунёдии он ба дастовардҳои басо арзишманди таърихӣ ноил гардидем”.
Сарқонуни Тоҷикистон баъди ду соли эъломи истиқлол, рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 қабул шуд. Он замон ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва наздик ба 1 миллион нафар гуреза буданду имкони ширкат дар раъйпурсии умумиро надоштанд. Ҳамчунин, бинобар даргириҳо, қисми дигари бузурги аҳолӣ амалан наметавонистанд ба пойи сандуқҳои раъй бираванд. Сарқонуни нав мансаби раисҷумҳурро барқарор кард ва барои қудрати инак 28 солаи Раҳмон роҳ кушод.
Дар муддати ҳукмронии ӯ Сарқонун дар райъпурсиҳое, ки бештари созмонҳои байналмилалӣ ғайришаффоф номидаанд се бор тағйир дода шуд. Бори аввал, ҳамагӣ баъди 5 соли қабул шуданаш, яъне соли 1999, ки тибқи он мӯҳлати раисҷумҳурӣ дар он аз ду давраи 5-солӣ ба як давраи 7-солӣ иваз карда шуд ва Эмомалӣ Раҳмон, ки дигар ҳақи пешбарӣ шудан ба мансаби раёсатҷумҳуриро надошт, ҳақ пайдо кард боз номзад шавад. Аз тағйироти дигари воридшуда ба Сарқонун ин буд, ки ба фаъолияти ҳизби динӣ иҷоза дода шуд ва порлумон дупалатаӣ гашт.
Дар дасткории дуввум, ки соли 2003 воқеъ шуд, як давраи 7-солии президентӣ ба ду давраи 7-солӣ иваз шуд. То интихоботи раёсатҷумҳурӣ се сол монда буд ва бе ин тағйирот Эмомалӣ Раҳмон наметавонист дар интихоботи соли 2006 ширкат кунад.
Имсол ду давраи ҳафтсолии Раҳмон ҳам тамом шуд ва ӯ дигар ҳақи ширкат дар интихоботро надошт, вале моҳи майи соли 2016 қонуни “Асосгузори сулҳу ваҳдат-пешвои миллат”-ро қабул гардид ва Эмомалӣ Раҳмон ҳақ пайдо кард бемаҳдудият дар интихоботҳои раёсатҷумҳурӣ номзад шавад.
Ҳамчунин қонуни “Асосгузори сулҳу ваҳдат-пешвои миллат” ба Эмомалӣ Раҳмон имтиёзҳои зиёде дод, ки ҳатто бархе аз шоҳони кишварҳои низомашон шоҳигарӣ надоранд. Аз ҷумла ӯ аз тамоми ҷавобгариҳо барои ҷиноятҳои чӣ замони раисҷумҳурӣ ва чӣ қабл аз ону баъд аз он анҷомдодааш озод шуд ва масуният аз тафтишро касб кард. Касе ҳақ надорад на амалкардҳо ва на дороиҳои ӯро тафтиш кунад. Бахше аз ин имтиёзҳо ҳамчунин ба хонаводаи ӯ низ дода шуд ва онҳо низ аз таъқиби қонун наҷот ёфтанд.
Ин қонун ҳамчунин 5 дарсади буҷаи кишварро дар ихтиёри пурраи “пешво қарр дод, ки дар натиҷа ӯ ҳақ пайдо кард ин маблағро ба ҳар самте, ки хоҳад масраф кунад ва касе ҳақи тафтиш ё суоли ба куҷо марраф шудани онро надорад. Худи ӯ низ муваззаф нест дар бораи ин маблағ ҳисобот диҳад. Барои мисол, аз 350 миллион сомоние, ки соли гузашта дар ихтиёри ӯ қарор гирифт танҳо ду масарфи ӯ расонаӣ шуд ва он ҳам маълум нест воқеъан анҷом ёфт ё на: 12 миллион барои дастгирии табибон ва чанд миллиони дигар барои нашри китоби “Тоҷикон”. То чанд рӯз қабл ин дастгирии ваъдагӣ ба дасти табибон нарасида буд. Қисми бузурги маблағи барои наҳри китоб ҷқдошуда низ чун фоида дар ихтиёри ширкати “Фароз”, ки ба домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов мутааллиқ аст, қарор гирифт.
Аз тағйироти дигари воридшуда дар ин таҳрир ин буд, ки фаъолияти ҳизби динӣ дубора манъ гардид ва синни ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва узвият дар Маҷлиси Миллӣ аз 35 ба 30 сол поин оварда шуд. Дар натиҷаи ин тағйирот писари “пешво” Рустами Эмомалӣ, ки ҳамагӣ 33-сол дорад узв ва раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб гардид ва амалан нафари дувуми ҷумҳурӣ шуд. Дар сурати марг ё корношоям шудани падараш, идораи давлат ба таври автоматӣ ба дасти Рустам мегузарад.
Чанд сол қабл Сарқонуни Тоҷикистон яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон эътироф шуда буд. Аммо мутаассифона аз бандҳои он танҳо ҳамонҳояш риоя мешаванд, ки ба нафъи ҳукумат, аниқтараш хонаводаи Раҳмон аст. Худи Эмомалӣ Раҳмон борҳо бо амалкард, фармон ва баромадҳояш сарқонунро нақз кардааст. На танҳо ӯ, аксари мақомдорони кишвар, бахусус мақомоти иҷроия, интизомӣ, амниятӣ, тафтишотӣ ва додгоҳӣ тасмимҳое мегиранд, ҳукмоҳое содир мекунанд, ки бар хилофи Сарқонуни кишвар аст, аммо ба нудрат рух медиҳад, ки Додгоҳи конститутсионӣ кадоме аз ин ҳукмҳоро бекор карда бошад.
Ҳамчунин дар Тоҷикистон қонунҳое қабул шудаанд, ки хилофи Сарқонунанд, аммо бештар аз ҳар қонуне амалӣ мешаванд. Аз ҷумла қонуни масъулияти падару модар, қонуни танзими расму оинҳо ва ғайра. Ин қонунҳо озодиҳои кафолатдодаи Сарқонунро маҳдуд мекунанд, аммо мақомоти интизомиву тафтишотиву додгоҳӣ ҳангоми тасмигирӣ ва судури ҳукм на ба Сарқонун, балки ба ин қонунҳои хилофи қонуни асосӣ такя менамоянд.
Сарқонуни Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳақ медиҳад дар гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта ширкат кунанд, вале қонунҳои дигар ва амру фармонҳои мақомот онро манъ кардааст ва ҷамъшавии ҳатто чад нафар бо шиддат таъқиб ва саркӯб мешавад.
Сарқонун озодиҳои диниро кафолат додааст, аммо Тоҷикистон аз камтарин кишварҳо дар ҷаҳон аст, ки озодиҳои динӣ бо сахтӣ маҳдуд шудаанд ва диндорон таъқиб мешаванд. Бархе маҳдудиятҳое, ки алайҳи диндорон дар Тоҷикистон ҷорӣ шудааст, ҳатто дар замони Шӯравӣ дида намешуд.
Моддаи аввали Сарқонун мегӯяд “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Аммо дар асл давлат камтарин иқдоме дар иҷрои ин қонун намекунад ва бо додани сабукиҳову ҳақҳои зиёде ба афроди наздик ба хонаводаи раисҷумҳур имкони инкишофи озодонаро аз мардум пурра гирифтааст.
Саронун дахлнопазирии шахс, манзил, маҳрамияти мукотибот ва гуфтугӯҳои телефониро замонат дода, сензура ва таъқиб барои танқидро манъ мекунад ва ҳуқуқи муттаҳид шудан ва мушорикат дар сиёсат ва ҳуқуқи бисёри дигарро таъмин менамояд. Аммо дар асл қонунҳои дигар ҳамаи ин озодиҳоро маҳдуд кардаанд ва мақомот бидуни камтарин хиҷолат ва ҷавобгарие ба манзилу мукотибот ва ҳатто зиндагии шахсиву хонаводагии мардум дахолат мекунанд ва ҳеҷ кадом аз мақомоте барои ин гуна вайронсозиҳои Сарқонун ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
Ин хунукназарии мақомот ба Сарқонун аз худ раисҷумҳур маншаъ мегирад. Ӯ на танҳо Сарқонунро барои таҳқими қудраташ ва касби имтиёзҳои зиёд барои худашу хонаводааш таҷовуз кардааст, балки ба ин назар аст, ки амру фармонҳояш аз Сарқонун болотар меистад.
Тибқи иттилоъи чанд манбаъи мӯътамад, дар яке аз маҷлисҳои ҳукуматӣ Эмомалӣ Раҳмон чунин мегӯяд: вақте ман фармон медиҳам, қонунҳо ва Сарқонунро як тараф гузоред.
Аммо вақте ба минбар мебарояд, ҳарфҳояш комилан фарқ мекунад ва қасамашро бо гузоштани даст рӯи Сарқонун мехӯрад. Аз ҷумла дар табрикоти имрӯзааш ӯ гуфт:
“Ҳамзамон бо ин, чунонки солҳои охир мушоҳида мешавад, дар баъзе кишварҳои олам давлат ва ҷомеа бо сабаби сарфи назар гардидани арзишу меъёрҳои Конститутсия ва риоя нашудани муқаррароти қонунгузорӣ ба буҳронҳои шадид ва мушкилоти сангини сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда истодаанд…
Дар ин раванд, зарур аст, ки тамоми шаҳрвандони кишвар ба Конститутсия ҳамчун бахтнома ва санади оливу мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу фардои давлат ва ҷомеа муносибат намоянд, моҳияти иҷтимоии онро амиқан дарк кунанд, ба он эҳтиром гузоранд ва ба хотири тараққиёту инкишофи давлату давлатдорӣ саъю талош намоянд”.
Зоҳиран ӯ ё худро шаҳрванди ин кишвар намешиносад, ё худро болотар аз шаҳрванд будану болотар аз қонун меҳисобад.