Абдуқайюми Қайюмзод, ВВС
Ҳаҷми бадеҳиҳои (қарзи) хориҷии Тоҷикистон ба 3 миллиарду 96 миллион доллар баробар шудааст, ки 36,1% -и тавлидоти нохолиси миллии ин кишварро ташкил медиҳад.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар июли соли ҷорӣ бо эълони ин рақам изҳор дошт, ки давлати Чин бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон ба шумор меравад ва танҳо “Эксимбонк” -и ин кишвар беш аз 1,1 миллиард доллар қарз дар ихтиёри давлати Тоҷикистон қарор додааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҷалб ва харҷи қарзҳои хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро зарурӣ ва муҳим мешуморанд. Онҳо мегӯянд, ки зарфиятҳои маҳдуди молиявии кишвар водор мекунад,ки арсаҳои муҳимми иқтисодӣ маблағгузорӣ бишавад. Дар сурати ғайр иқтисоди кишвар ба солҳои дароз карахт ва бесамар боқӣ мемонад.
Аммо таҳлилгарон ва коршиносон баракси ин иддиоҳо мегӯянд,ки қарзҳои хориҷии Тоҷикистон новобаста ба онки ҳаҷми зиёд дорад ба рушди иқтисод ва ҳаракати чархаи он таъсире нагузоштааст ва ё хеле ҳам номуассир будааст. Ба гуфтаи коршиносон агар аз маблағҳои қарзӣ босамар ва муфид истифода мегардид,ҳоло вазъияти иқтисодии беҳтареро дар Тоҷикистон мушоҳида мекардем.
Коршиносон бар ин назаранд, ки бештари қарзҳои хориҷӣ барои бунёд ва гардон кардани корхона, фабрика ва дар маҷмӯъ истеҳсолу тавлидот равона нашуданд. Балки ба хариду масрафи молу маҳсулот ва ашё истифода шуданд. Ин тарзи харҷи қарзи хориҷӣ пулро аз кишвар берун кард ва ҳам тавре сарф шуд,ки аз он фоида ба даст наомад. Балки ин пулҳо бар болои қарзҳои пешина зам шуда ва сарбории бюҷети давлатиро бештар кард. Бозгардони ин бидеҳӣ ва баҳраҳои онҳо ба дӯши бюҷети кишвар вогузор шуданд.
Аюб Эгамов,як таҳлилгари тоҷики муқими Италия мегӯяд, дар чунин ҳолат як қисми қарзи навбатӣ барои пӯшонидани баҳра ва қарзҳои пешина сарф карда мешавад. Дар ҳоле,ки ин қарз мебоист ба арса ва ё барномаи мушаххас ҷалб мегардид:
“ Мутаассифона қарзҳои хориҷӣ ба он шевае, ки ба иқтисоди кишвар муҳим буд, истифода нашуданд ва ҳатто қисман ба сирқат рафтанд. Ҳамагон дар ёд дорем, ки садҳо миллион доллар қарзи Сандуқи байналмилалии пул барои дастгирӣ ва рушди арсаи панбапарварӣ дар кишвар чи тавр нопадид ва боиси обрӯрезии давлат шуд. Аз ин ҷост ки мегӯем агар тӯли ин 28 сол қарзҳои хориҷӣ дар ҷойи худ ва бо таъиноти худ сарф мешуд, ҳоло шароити иқтисоди Тоҷикистон фарқ мекард. Мутахассисин ва масъулини ҳукумат иддао доранд, ки афзоиши ҳаҷми қарзи хориҷӣ дар қиёс бо сатҳи тавлидоти нохолиси миллӣ таҳдид бор намеоварад. Аммо бояд бигӯем, ки барои иқтисоди фаъол,ки дар он истеҳсолот рушд мекунад ва аз фанновариҳои инноватсионӣ истифода мешавад, 40%, 50% ва ҳатто 100% -и ҳаҷми қарзи хориҷӣ дар нисбат ба тавлидоти нохолиси миллӣ хатарофарин нест. Аммо барои кишварҳое,ки иқтисоди ақибмонда дорад, фасоди густарда бедод мекунад, қарзи хориҷӣ ва афзоиши пайвастаи ҳаҷми он аз сатҳи рушди иқтисодӣ дар ниҳоят ин кишварро ба умқ ва ботлоқи қарз меафканад”.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар ҳамон нишасти хабариаш тазаккур додааст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 985миллион сомонӣ, муодили наздики 100 миллион доллар барои пардохти воми хориҷӣ ва бозгардони баҳраҳои он аз бюҷети кишвар масраф шудааст.
Аюб Эгамов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд як масъалаи дигари марбут ба қарзи хориҷӣ дар Тоҷикистон ин аст ки давлат барои гирифтани қарз ва низ ҳамчун зомин ва кафил дар дастрасии он ба ширкат ва муассисаҳои алоҳида қарордод ва созишномаҳои қарзӣ ба тасвиб мерасонад. Ва ё инки субъектҳои муҳимми иқтисодиро,ки бо қарзи хориҷӣ бино ва ё навсозӣ кардааст,дар ихтиёри ширкатҳое мегузорад, ки хусусӣ ва ғайридавлатианд. Барои мисол бо 281 миллион доллар қарзи Чин танҳо роҳи мошингарди марказ ва шимоли кишвар Душанбе-Хуҷанд тармим ва навсозӣ шуд, ки баҳраи солонаи он 2% аст.Аммо ин роҳ пулакӣ ва ба ихтиёри ширкати IRS гузошта шуд, ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст. Вале ин ширкат, ки гуфта мешавад ба яке аз наздикони раиси ҷумҳурӣ тааллуқ дорад аз тамоми анвои молиёт, боҷ ва пардохтҳои гумрукӣ озод аст,дар ҳоле, ки бозгардони ин қарз ва баҳраҳои он тавассути бюҷети давлатӣ сурат мегирад. Аз ин ҷост ки бархе аз таҳлилгарон ва соҳибназарон адами шаффофият дар гирифтану тарзи истифодаи қарзҳои хориҷии давлати Тоҷикистон ва бахусус аз Чинро таҳти суол қарор медиҳанд. Барои мисол ширкати ТВЕА-и Чин бо харҷи 349 миллион доллар дар соли 2016 сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»-ро ба анҷом расонд. Бар ивази ин маблағ Тоҷикистон конҳои тиллои «Дуобаи Шарқӣ» ва «Кумарғи Боло» дар ноҳияи Айнӣ-шимоли кишварро,ки ба ихтиёри ин ширкат гузошт.
Тоҷикистон бар асоси маълумоти иктишофии геологии замони шӯравӣ қарордод баста ва умедвор аст ки ҷониби Чин баъди кандани қарзи худ аз ҳисоби тиллои ин конҳо боқии онро дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад. Вале Чжан Син, роҳбари ТВЕА он замон ба сайти stcn.com дар Чин гуфтааст, «агар ширкат аз ин ду кони тило хароҷоташро бароварда насозад, ҳукумати Тоҷикистон розӣ аст, ба ширкат иҷозати истифода аз конҳои дигарро ҳам бидиҳад.» Бо инки масъулини ин ширкат эҳсоси қаноатмандии худ аз ин қарордодро дар як нишасте дар парлумони Тоҷикистон изҳор доштаанд,аммо ҳоло мақомоти Тоҷикистон бо ба даст овардани маълумоти тоза аз захоири воқеии ин конҳо наметавонанд ба тағйири он қарордод комёб шаванд.
Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нав дар ноябри соли гузашта дар Маҷлиси Намояндагон гуфта буд, ки захираи конҳои «Дуобаи Шарқӣ» ва «Кумарғи Боло», ки ба ширкати ТВЕА пешниҳод шудааст, метавонад зиёдтар бошад:
«Ҳангоми пешниҳоди конҳои мазкур, ки қаблан корҳои иктишофӣ дар даври ҳукумати Шӯравӣ гузаронда шуд, захираи тило ҳамагӣ 51,7 тоннаро ташкил мекард. Тӯли солҳои 2013-2019 корхона тавонист, бо ҷалби 53 миллион доллар ҳаҷми захираҳоро ба 64 тонна расонад. Захирае, ки айни замон аз ҷониби ширкат муайян шудааст, ниҳоӣ нест ва метавонад то сад тонна тило бирасад.”
Абдуғанӣ Маҳмадазимов,раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон,ки дар ин масъала бо хабарнигорон сӯҳбат кардааст,ба он ишора мекунад,ки дар муомила ва ҳамкорӣ бо Чин риоят нашудани меъёри шаффофият ва вуҷуди фасод барои оянда дардисарсоз хоҳад шуд. Ӯ гуфтааст, ки
«Бисёр шартномаҳо шаффоф нест. Шартномаҳо дастрас нест, ки таҳлил кунем, оё ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон рост меояд ё на. Бисёр корхонаҳояшон дар Тоҷикистон шаффоф нест. Ин аломати коррупсия аст.»
Таҳлилгарони умури иқтисодӣ дар Тоҷикистон бар ин назаранд, ки ин худи мақомоти Тоҷикистон ҳастанд,ки барои гирифтани қарз аз кишварҳое назири Чин ҳавасманд ҳастанд. Чунки давлат ва созмонҳои молиявии ғарбӣ агарчанде бо баҳра ва дарсадиҳои хеле кам ва ҳатто бидуни баҳра қарз медиҳанд аммо шурутеро ба мисли ислоҳи қавонин ва ё мурооти ҳуқуқи башар матраҳ мекунанд,ки барои кишварҳои диктотурие назири Тоҷикистон мароқангез нест. Бад-ин ҷиҳат аст ки майл ба қарзҳои Чин мекунанд. Вале дар баландмуддат бинобар баланд будани баҳраи ин қарзҳо амнияти молии кишвар зери хтар хоҳад рафт. Коршиносон мегӯянд, ки қарзҳое, ки Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бунёди кишварҳои содиркунадаи нафт – ОПЕК, Бунёди Кувайтии Рушд, Бунёди Саудии Рушд ва Бонки Сармоягузории Аврупо гирифтааст, муҳлати пардохташ ба маротиб тӯлонитар ва баҳрааш аз қарзҳои бонки Чин дида камтар будааст. Ин созмонҳо ба Тоҷикистон ба муҳлати аз 20 то 40 сол бо баҳраи солонаи 0,75 то 2 дарсад қарз додаанд.
Бо ин ҳол тибқи иттилои вазорати молия, то 1 июли соли 2020 қарзҳои Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ 338, 59, Бонки осиёии рушд — 278,16, Бонки исломии рушд – 131,98, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд – 57,92, Фонди СДСН (ОПЕК) – 39,21, Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё – 69, Бонки аврупоии сармоягузорӣ – 19,42, Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ – 6,77, Бонки осиёии инфрасохтор – 32,06 ва Хазинаи байнулмилалии асъор – 189, 53, ҷамъ 1 миллиарду 162, 85 миллион доллар аст. Бино ба иттилои ин манбаъ, қарзҳои дуҷонибаи Тоҷикистон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – 3,52, Фонди кувайтии рушд – 35, 76, Фонди саудии рушд – 76,32, “Эксимбонк”-и Чин – 1133,42, Бонки олмонии рушд (KFW) – 18,81, Фаронса – 22,40 ва Фонди абудабии рушд – 9,21, авроқи гаронбаҳо – вомбаргҳо (евробондҳо) — 500, ҷамъ 1 миллиарду 799, 45 миллион долларро ташкил мекунад.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бар пояи як барномаи дарёфти қарз ва кӯмакҳои хориҷӣ қасд дорад то соли 2022 боз 1 миллиард доллар қарз ба даст оварад ва Маҷлиси намояндагони ин кишвар ҳам ризоият додааст,ки давлат барои анҷоми тарҳҳои иқтисодиаш дар сатҳи 60% тавлидоти нохолиси миллӣ қарзи хориҷӣ ба даст оварад.