Баҳои нафти хом дар муомилоти субҳи душанбеи бозорҳои осиёӣ 20 дарсад коҳиш ёфт.
Суқути баҳои нафт пас аз он рух дод, ки дар пайи ба тавофуқ даст наёфтани ОПЭК бо Русия барои коҳиши тавлиди нафти хом, Арабистони саудӣ эълом кард қимати фурӯши ин маҳсулро коҳиш хоҳад дод.
Бар асоси гузоришҳо, ҳар бушка нафти хоми навъи Брент дар бурсҳои осиёӣ ба 35 доллару 84 сент коҳиш ёфтааст.
Нишасти рӯзи ҷумъаи 14 узви созмони ОПЭК бо Русия ва дигар тавлидкунандагони ғайриопэкӣ бо ҳадафи муқобила бо пайомадҳои манфии густариши вируси коруно бар тақозои нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ баргузор шуд.
ОПЭК дар ин нишаст хоҳони коҳиши арзаи нафти хом ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба мизони якуним миллион бушка дар рӯз шуда буд, вале Русия бо ин хоста мухолифат кард.
ОПЭК ва Русия пеш аз ин бар сари танзими қимати нафти хом дар бозор ҳамкорӣ мекарданд.
Нигаронӣ аз коҳиши шадиди баҳои нафт коҳиши шохиси бурсҳои осиёиро ба ҳамроҳ доштааст.
Шохиси Nikkei 225-и бурси Токио дар муомилоти субҳи душанбе 6.1 дарсад коҳиш дошт.
Дар Ҳонконг ҳам шохиси Hang Seng 3.7 дарсади арзиши худро аз даст додааст.