Рубрики Хабарҳо

Ғанӣ ва Абдуллоҳ, ҳамзамон ва ҷудогона ба унвони раисҷумҳури Афғонистон савганд ёд карданд

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо баргузории маросими таҳлифи ҷудогона ба таври ҳамзамон ба унвони раисҷумҳури Афғонистон савганд ёд карданд. 

Ғанӣ пас аз адои савганд тайи суханоне дар ин маросим гуфт: давлат дар инҳисори тими давлатсоз нахоҳад буд. Баъд аз ду ҳафта кобинаи ҳамашумул ташкил медиҳем. 

Вай бо таъкид бар ин ки феҳристи ҳайати музокиракунандаи сулҳи Афғонистон фардо ниҳоӣ хоҳад шуд, тасреҳ кард: фардо фармонеро дар робита ба раҳоии 5 ҳазор зиндонии узви Толибон содир хоҳам кард. 

Ғанӣ дар нахустин фармонӣ худ дар маросимӣ таҳлиф, Юсуф Ғазанфарро ба унвони намояндаи вижаи раисҷумҳур дар умури тавсеаи иқтисодт мансуб кард. 

Дар ин маросим Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон, Рос Вилсон, сарпарасти сафорати Амрико дар Кобул, генерал Скот Миллер, фармондеҳи нерӯҳои ҳимояти қотеъи НАТО ва бархе сафирони кишварҳои дигар аз ҷумла Канада, Олмон ҳузур доштанд 

Садои инфиҷор дар наздикии Кохи риёсатҷумҳурии Афғонистон дар ҳини баргузории маросими таҳлифи Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба гӯш расид, аммо то кунун ҷузъиёти ин инфиҷор мушаххас нест. 

Меҳмонони хориҷӣ аз ҷумла Халилзод ва Миллер дар пайи шунида шудани садои инфиҷор маҳалли маросимро тарк карданд. 

Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ бо ҳузури шуморе аз раҳбарони сиёсӣ, намояндаҳои шӯрои миллӣ ва ҳаводоронаш маросим таҳлифи худро дар сохтмони риёсати иҷроӣ баргузор кард. 

Ӯ пас аз маросими савганд тайи суханоне зимни қадрдонӣ аз нерӯҳои амниятии афғон гуфт: “нерӯҳои дифоъӣ ва амниятӣ ифтихори тамоми мардуми Афғонистон аст ва бояд дар ҳар низоъе бетарафиашонро ҳифз кунанд ва ба саломати Афғонистон фикр кунанд. 

Вай таъкид кард: дар хилоли интихоботи риёсатҷумҳурӣ ба мардуми Афғонистон ваъда дода будем, ки давлати тақаллубиро намепазирем ва ба ин тааҳҳуди худ пойбанд ҳастем. 

Комиссия мустақили интихоботи Афғонистон дар 18 феврали соли ҷорӣ Муҳаммад Ашраф Ғаниро пирӯзи интихоботи риёсатҷумҳурии ин кишвар эълом кард, аммо рақиби ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар вокуниш ба ин натоиҷ Ғаниро муттаҳам ба тақаллуб кард. 

Буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон бо баргузории маросими таҳлифи ҷудогона аз сӯи Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва адои савганди онҳо ба унвони руасои ҷумҳур вориди марҳалаи тозае шуд. 

Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони кишвар аз паёмадҳои ногувори иқдомоти тарафайн ибрози нигаронӣ карда, хостори ҳали ихтилоф миёни Ғанӣ ва Абдуллоҳ шуданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *