Рубрики Хабарҳо

“Тоҷик Эйр” парвозҳояшро боздошт ва кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристод

Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон “Тоҷик Эйр” кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристода, ҳамаи парвозҳояшро қатъ кардааст. Қисме аз ин парвозҳоро “Сомонэйр” иҷро мекунад.

Комиссиюни байниидоравие аз ҷониби ҳукумат таъсис ёфтааст, ки таҳти раҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар “Тоҷик Эйр” тафтиш анҷом медиҳад.

Азия Плюс бо истинод ба сухангӯи ширкат хабар додааст, ки рӯзҳои наздик тағйироти бунёдие дар ширкат бояд роҳандозӣ шавад ва масъулинаш умед доранд, ки вазъ беҳтар шуда, кормандон дубора ба ҷойҳои кории худ баргарданд.

“Қарори фиристодани кормандон ба рухсатии бидуни музд ба хотири сарфакорӣ дар замони начандон хуб барои ширкат гирифта шуд” — гуфтааст сухангӯи Тоҷик Эйр Азиз Хайруллоев ба ин хабаргузорӣ.  

Тибқи гуфтаи Хайруллоев ба рухсатии бемузд танҳо онҳое фиристода шудаанд, ки бинобар қатъ шудани парвозҳо бекор мондаанд. Аз ҷумла халабонҳову стюардессаҳо ва кормнадони дигар бахшҳо, ки фаъолияташон мустақиман ба парвозҳо вобаста буд.

Парвозҳои “Тоҷик Эйр” ба шаҳрҳои Русияро “Сомонэйр ба дӯш гирифтааст, аммо парвозҳо ба кишварҳои дигар комилан қатъ гардидаанд. Ҳамчунин парвоз байни Душанбе ва Хуҷанд низ боз дошта шудааст.

Тафтиш ва бозсозии ширкат кай анҷом меёбад маълум нест. Дар ин муддат халабонҳо, ки пайдо кардани кор дар дилхоҳ кишвари ҷаҳон мушкил нест, метавонанд Тоҷикистонро тарк кунанд. Халабон яке аз пурталабтарин мутахассис дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, қарор аст ширкати муфлисшудаи миллии ҳавопаймоӣ баъди аз тарафи давлат пардохт шудани қарзҳояш ва харидории чанд ҳавопаймои нав дар ихтиёри яке аз духтарони раисҷумҳур қарор гирад. Бо гумони ғолиб ин нафар Таҳмина Раҳмон хоҳад буд, ки солҳост ширктаи давлатиро ба и худ табдил додааст ва солона аз он 3-3,5 миллион доллар даромад мегирад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *