Рубрики Хабарҳо

Маҷлиси Эрон баррасии маҳрамонаи лоиҳаи «иффат ва ҳиҷоб”-ро тасвиб кард

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар ҷаласаи алании якшанбе 13 август хурӯҷи раванди баррасии лоиҳаи мавсум ба “иффат ва ҳиҷоб” аз саҳни алании Маҷлис ва баррасӣ ва тасвиб он дар комиссияи вижа бар асоси асли 85 қонуни асоси раъй доданд. 

Бад ин тартиб раванди баррасӣ ва тасвиби ин лоиҳа ба як комиссияи муштарак вогузар шуда ва дар сурати тасвиб дар ин комиссия бидуни ниёз ба тасвиб дар саҳни аланӣ бо таъйиди Шӯрои нигаҳбон ба сурати озмоишӣ иҷро хоҳад шуд. Бар асоси лоиҳаи мавсум ба “иффат ва ҳиҷоб”, муҷозотҳои сангинӣ барои афроде, ки ҳиҷоби иҷбории мади назари ҳукумати Эронро риоят накунанд дар назар гирифта шудааст. 

Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, намояндагони Маҷлиси Эрон бо 175 мувофиқ, 49 мухолиф ва 5 мумтанеъ аз 238 намояндаи ҳозир дар нишасти дирӯз бо баррасии ин лоиҳа бар асоси асли 85 қонуни асосии Эрон мувофиқат карданд. Тибқи асли 85 қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон, “дар мавориди зарурӣ метавон ихтиёри ҷорисозии баъзе аз қавонинро ба комиссияҳои дохилии Маҷлис вогузор кард”. 

Бад-ин тартиб бар хилофи раванди баррасии лоиҳаи оддӣ дар саҳни алании Маҷлис, ки маъмулан аз расонаҳои ҷамъӣ аз ҷумла радио пахш мешавад, эҳтимолан баҳсҳо ва раванди тасвиби лоиҳаи мавсум ба “иффату ҳиҷоб” тавассути гурӯҳе аз намояндагон дар комиссияи вижа ба сурати маҳрамона хоҳад буд ва аз расонаҳои ҷамъӣ пахш нахоҳад шуд. 

Дар ҷаласаи алании субҳи дирӯз Маҷлисм Эрон иддае аз намояндагон бо баррасии ин лоиҳа бар асоси 85 қонуни асосӣ мухолифат карданд. 

Ғуломризо Нурӣ Қизилҷа узви фраксюни ақаллияти Маҷлиси Эрон дар мухолифат бо баррасии ин лоиҳа дар як комиссияи вижа ба ҷойи саҳни аланӣ, гуфт: ин лоиҳа бо 9 мода аз сӯи қувваи қазоия таҳвили давлат шуд ва бо 19 мода тақдими Маҷлис шуд ва тибқи гузориши комиссияи қазоии 70 модааст ва нисфи ин мавод марбут ба ҷурмангорӣ ва муҷозотҳо аст, пас мавзӯъи асли 85 барои ирҷоъи ин лоиҳа дороии хатароте аст. 

Нурӣ Қизилҷа афзуд: тибқи ин лоиҳа фурӯшандагон бояд дар маҳалли касбу кор дурбин насб кунанд ва агар фарде ҳиҷобро риоят накард, фурӯшанда ҳам ҷарима мешавад. Ин ба ҳавзаи касбу кор ва таксиҳои интернетӣ ҳам осеб мезанад. Дар маводи ин лоиҳа омада агар донишомӯзи 10-солае хилофи қонун амал кард, шаб бояд ӯро аз пулис таҳвил бигиред, ин чӣ қонуне аст ин боиси ҳиҷобзудоӣ мешавад ва бо сираи набавӣ муғойират дорад. 

Ҷалол Маҳмудзода дигар узви фраксюни ақаллияти Маҷлиси Эрон низ бо таъкид бар ин ки тибқи лоиҳаи мазкур эҳзору ҷаримаи заноне, ки ҳиҷоби иҷбориро риоят накунанд пешбинӣ шудааст, таъкид кард: эҳзори бонувон дар лоиҳа пешниҳод шудааст, ки хилофи қонун аст. 

Маҷлиси Эрон аз асли 85 қонуни асосӣ пеш аз ин барои баррасӣ ва тасвиби тарҳи ҷанҷолии “хиёнат аз ҳуқуқи корбарон дар фазои маҷозӣ ва сомондеҳии паёмрасонҳои иҷтимоӣ”, ки маҳдудияти бештари интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои шаҳрвандони ин кишварро пешбинӣ мекард, истифода кардааст. 

Ин лоиҳа бо номи комили “лоиҳаи ҳимоят аз хонавода аз тариқи тарвиҷи фарҳанги иффату ҳиҷоб” пештар дар 70 мода ба тасвиби комиссияи қозии Маҷлисм Эрон расида ва мунташир шудааст. Бар асоси ин лоиҳа муҷозотҳои сангине барои афроде, ки пӯшиши мавриди назари ҳукуматро риоят накунанд дар назар гирифта шудааст. 

Тибқи ин лоиҳа шаҳрвандоне, ки ҳиҷоби иҷбории мавриди назари ҳукуматро риоят накунанд ба ҷаримаҳои нақдӣ, мамнуъияти хурӯҷ аз кишвар ва маҳрумият аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва муҷозотҳои дигар маҳкум хоҳанд шуд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *