Раисҷумҳури Тоҷикистон қарор дар бораи гузаронидани озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба ороиши дастархонро имзо кард. Озмуни нав бо ибтикори Кумитаи дин ва танзими расму оин гузаронида мешавад.
Ин озмун дар сатҳи ҷамоъатҳо, навоҳӣ ва вилоятҳо дар ҳамкории Кумитаи дин бо мақомоти маҳаллӣ баргузор гардида, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд. Дар охир онҳо бо тӯҳфаву дипломҳо “қадрдонӣ карда мешаванд”.
Кумитаи дин дар сойти расмиаш дар ин бора чунин хабар додааст:
Бо мақсади иҷрои банди 20 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019- 2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни дастархонороӣ дар ҷумҳурӣ баён гаштааст, мутобиқи бандҳои 5, 6, ва 12 Низомномаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низимномаи озмуни дастархонороӣ тасдиқ карда шуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни дастархонороӣ ирсол карда шудааст.
Эълони озмуни дастархонороӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ дар ҳолест, ки тибқи омор беш аз 30 дарсади аҳолии кишвар дар ҳоли шадиди фақр ба сар мебаранд ва рӯи дастархонашон ҷузъ нон хӯрдании дигаре вуҷуд надорад.
Кумитаи дин ва танзими расму оин бори зоҳиран расму оинро танҳо дар дастархон мебинад. Қаблан ҳам ин кумита ба дастархони мардум дахолат намуда, андозаи он дар тӯйу маърака ва иду маросимҳоро муайян карду буд.
Қабл аз фарорасии иди Қурбон, ки дар Тоҷикистон онро 21 август ҷашн гирифтанд, Кумитаи дин қарор кард ки ҳаҷми дастархони идона набояд аз 1х1,5 метр бешатр бошад. Дар сурати бузургтар аз ин будани дастархон, соҳибхона ба ҷарима дар ҳаҷми 5000 сомонӣ таҳдид шуд.
Ҳамчунин кумита муқаррар намуда буд, ки рӯи дастархон бояд мева, каме хушкмева ва чанд хӯрдании идонаи миллӣ, аз ҷумла чагалдак ва озуқ гузошта шавад.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи дин ва танзими расму оин ҳарфе дар бораи дастархони солинавӣ назад ва ба чигуна ҷашн гирифтани ин ид аслан дахолат накард.
Озмуни нави эълонкардаи Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми дастархон ва анвоъи хӯрдании рӯи онро муқаррар кардааст ё на, маълум нест.