Рубрики Хабарҳо

“Академияи Кембриҷ” ҳеҷ бастагие бо Кембриҷ надорад. Ё бизнеси нави “Фароз”

Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии Cambridge Worldwide Academy Tajikistan (Академияи Кембриҷ дар Тоҷикистон) қисмати дигаре аз бизнеси “Фароз” аст, ки  ба Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъаллуқ дорад.

Соҳибов дар “Фароз” соҳаҳои зиёди бизнесро ҷамъ карда, инак вориди маориф ва матбуот шудааст.

Академияи Кембриҷ дарҳои худро моҳи сентябр, дар оғози сои нави хониш боз кард. Дар таблиғоташ академия худро “аввалин мактаби бритониёӣ” ва “намояндагии Кембриҷ” дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунад. Ваъда медиҳад, ки хонандагон “ҳам гувоҳномаи маълумоти миёна дар Тоҷикистон ва ҳам гувоҳномаи маълумоти миёнае, ки дар Бритониё кабқл шудааст”-ро соҳиб мешавад.  

Дар ҳамин ҳол дар созмонҳои байналмиллалие, ки ба мактабҳои байналмиллалӣ гувоҳнома медиҳанд, “Академияи Кембриҷ дар Тоҷикистон” ба қайд гирифта нашудааст. Ва тибқи гуфтаи манбаъи “Паём” ҳеҷ бастагие ба Кембриҷ надорад.

Соли аввал Академия хонандагони синфҳои 5 то 7-ро қабул мекунад ва 50% тахфиф эълон кардааст. Солҳои баъдӣ маблағи таҳсил дар “Академияи Кембриҷ” 15 ҳазор фунтро ташкил медиҳад.

Моҳонаи муаллимон, тибқи гуфтаи манбаъ ҳудуи 3000 доллар аст ва дар гумон аст, ки кадом муаллими бритониёе барои чунин моҳона ба Тоҷикистон биёяд. Бинобар ин ҳамаи муаллимонаш аз мутахассисони маҳаллӣ иборатанд. Бо ин ҳол дар гумон аст, ки рӯзи гувоҳномаи байналмиллалиро дастрас кунад.  

Бо вуҷуди мӯҳлати хеле кӯтоҳи фаъолият, Академия аллакай коргарони собиқ дорад. Дар сойти корҷӯӣ Glassdoor.com, аз санаи 15 ноябр, собиқ корманди Академия , ки ба он барои кор нараванд.

Корманди кор дар ин Академияро шарҳ додааст. Мушкили асосие, ки ӯ бинобар он тавсия додааст ба Академия ба кор нараванд, мушкили шинос аст — усули кори аъзои ин оилаи калон: муносибати бад, таҳдид ва қавмгароӣ. Ҳатто бо кормандони хориҷӣ.

Ин собиқ корманди “Академияи Кембриҷ дар Тоҷикистон” қайд кардааст, ки “мо мушкил дар тадорукот доштем, моҳонаи кормандон бо таъхир пардохт мешуд ва барои аксари фанҳо китоб вуҷуд надошт”.

“Муҳити корӣ афсурдакунанда аст, фарҳанги айбдоркунӣ руш кардааст, муаллимони мактабро бидуни огоҳӣ аз хонаҳо ронданд” — гуфтааст собиқ корманди Академия.

Ӯ пешниҳод кардааст дар мактаб тартибу низоми барои ҳамаи яксон ҷорӣ карда шавад: “Шумо бояд ба фиреб додани омӯзгорон ва волидон хотима диҳед. Ба омӯзгорон бо эҳтиром муносибат кунед, чун онҳо аз роҳи дур омадаанд, то дар Тоҷикистон кор кунанд. Лутфан аз таҳдид худдорӣ кунед ва камбудҳои вуҷуддоштаро эътироф кунед. Қавмгароиро бас кунед” — қайд кардааст собиқ омӯзгори ин мактаб.

Соли ҷорӣ “Фароз” радиои худро бо номи “Ҳамсадо” ба йайд гирифт ва ба эфир сар дод. Амвоҷи он ҳоло танҳо Душанберо фаро гирифтаанд.  

“Фароз”, ки қаблан ба Умаралӣ Қувватов таъаллуқ дошт ва аз тарафи Шамсулло Соҳибоб ғасб гардидааст, чанд сол мешавад, ки ба ғасби рейдерии ширкатҳои муваффақ ва соҳаҳои пурдаромади кишвар машғул аст. Аз ғасбҳои охири ин Шамсулло Соҳибов метавон ширкати “Умед-88”, бозори “Меҳргон”,  маркази савдои “Вефа” ва ширкати қуръакашии “Лото-Спорт”-ро ном бурд.

Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати «Умед 88», яке аз рақибони аслии домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов дар бозори маводи сӯхт ба ҳисоб мерафт, аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон маҳкум гардид ва аз сари роҳи ӯ бардошта шуд. Тамоми моликият ва бизнеси “Умед-88” дар ихтиёри “Фароз” қарор гирифт.

Бозори (қаблан Пойтахт 90), ки соли 2014 аз ҳисоби буҷаи кишвар ба маблағи 202 миллион сомонӣ ё 40 миллион доллар бунёд шуда буд, аввали соли ҷорӣ ҷузъе аз ҷамъияти саҳҳомии “Фароз” шуд. Ним сол қабл машҳуртарин бозори пойтахт — Шоҳмансур аз байн бурда шуд ва тамоми фурӯшандагонш ба бозори Меҳргон кӯчонида шуда буданд.

Бинои замонавии 12 ошёнаи Маркази Вефа, ки Соҳибов онро ғасб кард, ба ширкати туркии «Озгун Строительство и торг» таъаллуқ дошт, ки соҳиби он ба алоқа бо мухолифи турк ва раҳбари ҳаракати «Хизмат» Фатҳулло Гюлен муттаҳам мешуд.

Шамсулло Соҳибов ҳамчунин муоинаи тиббии хонандагони мактаб, ронадагони воситаи нақлиёт ва хонадоршавандагонро дар тамоми ҷумҳурӣ монополия кардааст. Ҳар хонандаи мактаб қабл аз рафтан ба он, ҳар ҷуфти оиладоршаванда, ҳар ронандае, ки бояд ҳуҷҷат гирад, қаблан маҷбур аст бо гузаштан ё нагузаштан аз муоинаи тиббӣ ба хазинаи бетаги “Фароз” маблағи муайянеро пардохт кунад.

Шамсулло Соҳибов шавҳари духтари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон — Рухшона Раҳмонова аст. Ӯ солҳои дароз вазифаи намояндаи тиҷории Тоҷикистон дар Бритониёро иҷро мекард, дар ҳоле, ки гардиши мол байни Тоҷикистону Бритониё ба сифр баробар аст.  

Айни ҳол ба Шамсулло Соҳибов ширкати Фароз таъаллуқ дорад, ки тамоми бозори сӯзишвории кишварро инҳисорӣ (монополия) кардааст. Ин ширкат молики саддарсадии Автосантал ҳам ҳаст, ки бозори омӯзиши ронандагӣ ва ҳуҷҷатҳои ронандагиро дар ихтиёр дорад. Камераҳои назоратии роҳҳои Душанбе, осоишгоҳи Сафеддара ҳам моли Фароз аст.

Соҳибов бозори фурӯши шираи камолро низ инҳисорӣ кардааст. Ҳамчунин ба интиқоли пинҳонии сӯзишворӣ ба Афғонистон машғул аст. Дар истеҳсоли ангишту тилло ҳам ширкат мекунад. Кони тиллои «Заринка» дар Ҳоит ба ӯ таъаллуқ дорад.

Шарофиддин Гадоев, мухолифи тоҷик, ки қаблан ҳамроҳ бо Умаралӣ Қувватов бо Соҳибов ҳамкор будааст, дар мусоҳибааш бо Паём гуфта буд, ки бизнесҳои Шамсулло ба ӯ имкон медиҳад ҳар моҳ ба офшор 2,5 миллион доллар интиқол диҳад.

Шамсулло Соҳибов офшори худро дар ҷазираҳои Вирҷин таҳти номи Шамсулло Сахибов бунён гузоштааст. Бозӣ бо ҳарфҳо дар ному насаб ҷустуҷӯ ва муайян кардани соҳибони офшорҳоро мушкилтар мекунад. Тибқи ҳуҷҷатҳои панамагӣ, Шамсулло Соҳибов ширкати худро дар нишонии пустии (почтовый адрес) Мейтленд-Корт; Lancaster Terrace; Лондон W2 3PE ба қайд гирифтааст. Пулҳояшро Соҳибов тавассути ширкати миёнарави MOSSACK FONSECA & CO. (UK) LIMITED, воқъъ дар Бритониё ба ширкати офшории худ GLATTO MANAGEMENT LTD интиқол медиҳад. GLATTO MANAGEMENT LTD ҳанӯз соли 2011 дар ҷазираҳои Вирҷин ба қайд гирифта шудааст.

GLATTO MANAGEMENT LTD Ягона ширкати офшорие нест, ки ба Соҳибов тааллуқ дорад. Ширкатҳои дигар бо номҳои бегона ба қайд гирифта шудаанд.

 

 

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *