Tengrinews хабаре интишор кард, ки аз 15 апрели соли ҷорӣ Қазоқистон дар содироти ғалла ва орд маҳдудият ҷорӣ мекунад. Ба гуфтаи муовини аввали вазири кишоварзӣ Айдарбек Сапаров, ҳаҷми ғалла ва орд дар кишвар барои таъмини ниёзи дохилӣ кофӣ аст.
Ба гуфтаи Сапаров, ба хотири рафъи камомади бозори дохилӣ барои содироти орд ва гандум квота ҷорӣ шудааст. Ӯ гуфт:
«1 апрели соли 2022 Комиссияи байниидоравӣ оид ба сиёсати савдои хориҷӣ ва иштирок дар созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ қарор кард, ки аз 15 апрел то 15 июн квотаҳои содироти гандум ва ордро ҷорӣ кунад. Квота барои гандум 1 миллион тонна, орд 300 ҳазор тонна аст”
Зимнан зикр гардид, ки вазорат дар ҳоли ҳозир якҷо бо Бюрои миллии омор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати мавҷуди захираи гандум дар минтақаҳо кор бурда истодааст.
Захираи орди ин кишвар то 7 апрел 118 ҳазор тонна мебошад. Ҳаҷми зикршуда талаботи дохилиро пурра таъмин хоҳад кард. Дар баробари ин, Корпоратсияи озуқаворӣ беш аз 800 ҳазор тонна ғалла дорад, ки дар сурати зарурат барои ба эътидол овардани вазъ ба бозори дохилӣ фиристода мешавад.
Хабари маҳдуд шудани содироти орд ва гандум аз Қазоқистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон беш аз 60 дарсади ниёзи дохилиашро барои орд аз ҳисоби воридоти гандуми Қазоқистон таъмин мекунад ва як миқдори камтарро аз Русия меорад.
Мувофиқи меъёрҳои эътирофшуда дар ҷаҳон як шахс дар давоми сол ба ҳисоби миёна 75 кило маҳсулоти нонӣ мехӯрад. Дар Тоҷикистон истеъмоли маҳсулоти нонӣ аз меъёр зиёд аст. Ба гузориши Оҷонсии омор, ҳар сокини Тоҷикистон соле ба ҳисоби миёна 120 кило маҳсулоти нонӣ истеъмол мекунад.