Ба сари мардуми мамлакати мо рӯзе расидааст, ағлабияти мардум бидуни муҳоҷират, зиндагии худро тасаввур карда наметаванонд. Бо расидани аввалин насими баҳор селаи паррандагони муҳоҷир роҳ сӯи кишварҳои дигарро пеш мегиранд. Иддае аз ин родмардони ризқи ҳалол, пас аз чанд моҳ ба ватан бар мегарданд. Иддае пас аз чанд сол, иддае барои ҳамешагӣ, иддае дигар бошад дар роҳи ризқу рӯзи ба ҷои бо сару савғо баргаштан, даруни тобут бо ҷоғи баставу ҷисми беҷон ба назди хонавода бармегарданд. Гӯё, ки тоҷик барои муҳоҷирату сарсонӣ ба дунё омадаасту бас.
Оилаҳое, ки барои ҳамешагӣ ба давлатҳои дигар сафар мекунанд, кам нестанд. Аввалин кишвар дар додани шаҳрвандӣ ва сукунати доимӣ боз Русия аст, сипас мамлакатҳои дигар.
Муҳоҷират ба кишварҳои аз фарҳангу дини мо бегона осон нест. Ҳар як шахсе, ки ба давлати дигар махсусан давлатҳое, ки аксарияти аҳолиаш мусалмон нестанд, сафар мекунад, дучори якчанд печидагиҳо мегардад.
Аз таому либос шурӯъ карда, то доду гирифту дигару дигарҳо.
Пеш аз он, ки оиди масалаҳои муҳими муҳоҷират сӯҳбат кунем, биёед ҳиҷрати асҳоби Расулаллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ба сарзамини Ҳабашаро ба ёд оварем. Сарзамине, ки бо вуҷуди аҳолии масеҳи доштан, кишвари амну амон барои муҳоҷирини асҳоби Расулаллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) шуда буд.
Соли панҷуми ҳиҷрӣ, вақте азобу шиканҷаи мушрикҳои Макка болои мусалмонҳо зиёд мешавад. Дар он вақт адади мусалмонҳо нисбат ба адади мушрикин хеле кам буд. Тамоми ҳукумравоӣ, аз они мушрикон буд. Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам) мебинанд, ки азоби мусалмонҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст, аз дасти мушрикони золим тамоми сахтиҳоро чашида истодаанд, ба гурӯҳе аз асҳоби худ машварат медиҳанд, ба Ҳабаша ҳиҷрат намоянд. Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ба саҳобагон мегӯянд:
Шумоён ба Ҳабаша ҳиҷрат кунед, дар он ҷо подшоҳе аст, ки ба касе зулм намекунад.
Наҷҷошӣ бо вуҷуди он, ки масеҳӣ буд, ҳамчун подшоҳи одил машҳур буд. Ӯро подшоҳе, ки ба касе зулм намекунад, дар кишвараш амну амонӣ пойдор аст, мешинохтанд.
Паймбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамроҳи муҳоҷорон духтари худ Руқайяро ҳамроҳи шавҳарашон Усмон разияллоҳу анҳумо гусел мекунанд.
Муҳоҷироне, ки ба Ҳабаша ҳиҷрат карда буданд, наздикии понздаҳ сол дар он ҷо боқӣ мемонанд. Ҷойе, ки амну амон аст ва касе мусалмононро азият намекунад.
Имрӯз, вақте ҳар бародару хоҳаре, ҳар оилае, ки аз ватан берун мешавад ва роҳи ҳиҷратро пеш мегирад, баробари тарки ватан кардану бо чашмони гирён бо ватан видоъ кардан, ба хотир асҳоби Расулаллоҳро оварад. Муҳоҷират суннати асҳоби Расул (салаллоҳу алайҳи ва саллам) аст.
Ҳиҷрати асҳоби Расулаллоҳ, ахлоқи писандидаву даъвати ҳакимонаи онҳо сабаби мусалмон шудани Наҷҷошӣ, подшоҳи масеҳӣ гашта буд. Ҳар яки мову шумо низ, агар ҳақиқати исломро дар рафтору ахлоқи худ дошта бошем, сабаби наҷот ёфтан, ҳадди ақал нисбати мусалмонон хушбин будани чандин нафари ғайримусалмон мегардем.
Барои ҳар як нафаре, ки ба кишвари дигар ҳиҷрат мекунад, пеш аз ҳама донистани забони он кишвар, одату фарҳанги асосии он муҳим аст. Дар байни мардум забони онҳоро надониста зистан хеле душвор аст. Ба ҳар кишваре, ки ҳиҷрат мекунед, хоҳу нохоҳ бо мардуми он кишвар омехта хоҳед шуд. Инсон барои хариду, муолиҷаву кор бо мардум бояд сӯҳбат кунад. Вақте забони мардумро мефаҳмед, бо онҳо сӯҳбат мекунед, он қадар эҳсоси муҳоҷириву бекасӣ намекашед. Бо онҳо сӯҳбат карда аз наздик фарҳанги онҳо, услуби ҳаёти онҳоро меомӯзед. Ин сабаб мегардад, чӣ тавр бо онҳо муомила карданро хубтар донед ва дар муҳоҷират як нафари муваффақ гардед.
Ҳар як нафаре, ки нияти муҳоҷиратро дорад, ҳанӯз ба роҳ набаромада то қадри имкон забони он кишварро омӯзад. Албатта онҳое, ки забони кишвари ҳиҷрат кардаашонро медонанд, ҷойи кор пайдо кардан низ душворӣ намекашанд.
Аксарияти ҳамватаноне, ки забони русиро намедонанд, дар Русия дучори фиреб, сарзанишу таҳқир мегарданд.
Барои ҳуқуқи худро талаб кардан, бояд забон донӣ, барои харид забон донӣ, барои табобату ҳуҷҷатсозӣ бояд забон донӣ.
Донистани забони хориҷӣ ҳар забон, ки ҳам бошад ба ҷуз фоида чизи дигареро намеоварад.
Саводнокии инсон, аз ҷомеа ақибнамонда будани муҳоҷирро мефаҳмонад. Болотар аз ҳама шахсе, ки аз забони мардум бохабар аст, метавонад сабаби даъвати масеҳиён гардад. Бо саволу ҷавоб шубҳаҳои мардумро оиди муҳоҷирон, махсусан муҳоҷироне, ки зоҳири исломӣ доранд, аз байн барад.
Вақте Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ба Мадина ҳиҷрат мекунанд, дар Мадина Яҳудҳо хеле зиёд буданд. Паёмбар ба саҳобии ҷалил Зайд ибни Собит амр мекунанд, забони яҳудӣ, забони иброниро омӯзанд. То аз луғати китиоби Таврот бохабар гашта, бо яҳудҳо гуфтугӯ кунанд. Яҳудҳоро ба Ислом даъват кунанд. Зайд ибни Собит бо тамоми кӯшиш ҳамааш дар понздаҳ рӯз забони яҳудиро меомӯзанд.
Нафароне ҳастанд, ки солҳои дароз дар муҳоҷират ҳастанд, нафароне ҳатто ҳашт солу ҳафт сол дар Русияву дигар давлатҳо ҳастанд, аммо ҳанӯз забони русӣ ва забони кишвари муқимии хурдро намедонанд. Сабаби асоси танҳо танбалӣ, бепарвогӣ, эҳтиромӣ худро надонистан аст.
Муҳоҷирати меҳнатиро гузоред яксӯ, гузорем ҳатто оилаҳое, ки барои талаби илм ба кишварҳои арабӣ сафар мекунанд, барои омухтани забони арабӣ тамбалӣ мекунанд. Ҳол он ки ҳадафи аввал омӯзиши забон аст.
Дар шароити имрӯз барои забономӯзӣ ҳеҷ баҳонае оварда намешавад. Хонае нест, ки дар он интернет набошад. Дар шабакаҳои иҷтимои Ютубу Телеграмм, тақрибан омӯзиши тамоми забонҳои олам вуҷуд дорад. Кофист ҳар рӯз танҳо як соат ва ё чанд дақиқаи худро сарфӣ забономӯзӣ кунем
Оилаҳое, ки ба кишварҳои дигар мераванд, албатта фарзандҳои худро ба мактабҳо медиҳанд.
Кӯдак забони хориҷиро зудтар меомӯзад. Вале ба ҳар сурат, вақте ба кишвари тамоман бегона сафар мекунед, барои кӯдаконе, ки куллан аз забони он кишвр бехабар ҳастанд, ду се моҳи аввал ба сахтӣ мегузарад. Кӯдак худро танҳову бекас якбора аз осмон афтида, ҳис мекунад.
Барои он ки фарзандон дучори ин мушкилиҳо нагарданд, модар бояд аз забон бохабар бошад. Мутаассифона, аксари занҳои мо хеле маъзарат мехоҳам, аммо тамбалии модарзодӣ доранд. Фарзандашон забонро меомӯзад, ба ҷои ин ки модар ба кӯдак ёрӣ кунад, кӯдак дар муомила бо дигарону забонфаҳмонӣ ба модараш кӯмак мекунад.
Модаре, ки забони кишвари ҳиҷрат кардаашро намедонад, барои пешрафти кӯдаконаш, таълиму дарсҳои онҳо ҳеҷ кӯмаке намекунад.
Модарҳое ҳастанд, ки тамоми рӯз машғули сӯҳбатҳои бефоидаи телефонӣ ва ё тамошои серёлҳои бемуҳтаво ҳастанд. Камтарин кӯшишро барои забономӯзӣ намекунанд.
Бояд оқилона фикр кунем. Шароити кунунии Тоҷикистон моро маҷбур сохтааст, ба кишвари дигар кӯч бандем. Дар кишвари худ натавонистем пешравӣ кунем, кӯдакон натавонистанд таълими хуб гиранд, акнун, ки дар хориҷ ҳастем, танбалиҳоро раҳо карда аз паи пешравии худу фарзандонамон, аз паи даъвату ризогии Аллоҳ бошем.
Муслима Аҳмадӣ